Сура 24 Ан-Нур (Нур), оят 21 – 26

  1. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّبِعُوا خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ ۚ وَمَنْ يَتَّبِعْ خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ فَإِنَّهُ يَأْمُرُ بِالْفَحْشَاءِ وَالْمُنْكَرِ ۚ وَلَوْلَا فَضْلُ اللَّهِ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَتُهُ مَا زَكَىٰ مِنْكُمْ مِنْ أَحَدٍ أَبَدًا وَلَٰكِنَّ اللَّهَ يُزَكِّي مَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

    Эй касоне, ки имон овардаед, дар роҳҳои шайтон гом нагузоред ва ҳар ки роҳҳои шайтонро мепӯяд, [бидонад, ки] ӯ танҳо ба зишткорӣ ва аъмоли нописанд фармон медиҳад ва агар бахшиши Аллоҳ таоло ва раҳматаш бар шумо набуд, ҳаргиз ҳеҷ як аз шумо [аз гуноҳ] пок намешуд, вале Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, пок мекунад ва Аллоҳ таоло шунавои доност

    24:21
  2. وَلَا يَأْتَلِ أُولُو الْفَضْلِ مِنْكُمْ وَالسَّعَةِ أَنْ يُؤْتُوا أُولِي الْقُرْبَىٰ وَالْمَسَاكِينَ وَالْمُهَاجِرِينَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۖ وَلْيَعْفُوا وَلْيَصْفَحُوا ۗ أَلَا تُحِبُّونَ أَنْ يَغْفِرَ اللَّهُ لَكُمْ ۗ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ

    Афроде аз шумо, ки бартарии [имонӣ] ва вусъати [молӣ] доранд, набояд савганд ёд кунанд, ки ба хешовандон ва тиҳидастон ва муҳоҷирони дар роҳи Аллоҳ таоло [ки муртакиби гуноҳ шудаанд] чизе надиҳанд. Онон бояд афв кунанд ва [аз гуноҳи дигарон] чашм бипӯшанд. Оё дӯст намедоред, ки Аллоҳ таоло [низ] шуморо бибахшад? Ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

    24:22
  3. إِنَّ الَّذِينَ يَرْمُونَ الْمُحْصَنَاتِ الْغَافِلَاتِ الْمُؤْمِنَاتِ لُعِنُوا فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ

    Касоне, ки занони покдомани бехабар [аз фаҳшо ва] муъминро [ба зино] муттаҳам мекунанд, дар дунё ва охират аз раҳмати Аллоҳ таоло дур гаштаанд ва [дар охират] азобе бузург [дар пеш] доранд

    24:23
  4. يَوْمَ تَشْهَدُ عَلَيْهِمْ أَلْسِنَتُهُمْ وَأَيْدِيهِمْ وَأَرْجُلُهُمْ بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ

    Рӯзе, ки забонҳо ва дастҳо ва пойҳояшон дар бораи он чи мекарданд [ва мегуфтанд], алайҳи онон гувоҳӣ медиҳанд

    24:24
  5. يَوْمَئِذٍ يُوَفِّيهِمُ اللَّهُ دِينَهُمُ الْحَقَّ وَيَعْلَمُونَ أَنَّ اللَّهَ هُوَ الْحَقُّ الْمُبِينُ

    Он рӯз Аллоҳ таоло ҷазои воқеии ононро бекаму кост медиҳад ва хоҳанд донист, ки Аллоҳ таоло ҳамон ҳаққи ошкор аст

    24:25
  6. الْخَبِيثَاتُ لِلْخَبِيثِينَ وَالْخَبِيثُونَ لِلْخَبِيثَاتِ ۖ وَالطَّيِّبَاتُ لِلطَّيِّبِينَ وَالطَّيِّبُونَ لِلطَّيِّبَاتِ ۚ أُولَٰئِكَ مُبَرَّءُونَ مِمَّا يَقُولُونَ ۖ لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ

    Занони палид барои мардони палиданд ва мардони палид [низ] барои занони палиданд. Ва занони пок аз они мардони поканд ва мардони пок [низ] аз они занони поканд. Инон аз он чи [нопокон дар бораашон] мегӯянд, мубарро ҳастанд [ва] омурзиши [илоҳӣ] ва рӯзии арзишманде [дар пеш] доранд

    24:26

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»