Сура 24 Ан-Нур (Нур), оят 11 – 20

  1. إِنَّ الَّذِينَ جَاءُوا بِالْإِفْكِ عُصْبَةٌ مِنْكُمْ ۚ لَا تَحْسَبُوهُ شَرًّا لَكُمْ ۖ بَلْ هُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۚ لِكُلِّ امْرِئٍ مِنْهُمْ مَا اكْتَسَبَ مِنَ الْإِثْمِ ۚ وَالَّذِي تَوَلَّىٰ كِبْرَهُ مِنْهُمْ لَهُ عَذَابٌ عَظِيمٌ

    [Эй муъминон] Бе тардид, касоне, ки он туҳмати бузургро [дар бораи Оиша] матраҳ карданд, гурӯҳе аз худи шумо ҳастанд. Гумон накунед, ки ин [моҷаро] барои шумо шарр аст, балки хайре бароятон дар он [нуҳуфта] аст. Барои ҳар як аз онон [ки дар ин шоеапароканӣ нақш доштаанд] кайфари гуноҳест, ки муртакиб шудааст ва барои он касе аз эшон, ки бахши бузурги он [туҳмат]-ро ба уҳда дорад, азоби бузурге [дар пеш] аст

    24:11
  2. لَوْلَا إِذْ سَمِعْتُمُوهُ ظَنَّ الْمُؤْمِنُونَ وَالْمُؤْمِنَاتُ بِأَنْفُسِهِمْ خَيْرًا وَقَالُوا هَٰذَا إِفْكٌ مُبِينٌ

    Чаро ҳангоме ки ин [туҳмат]-ро шунидед, мардону занони муъмин гумони нек ба худ набурданд ва нагуфтанд: «Ин туҳмате [бузургу] ошкор [ба ҳамсари паёмбар] аст?»

    24:12
  3. لَوْلَا جَاءُوا عَلَيْهِ بِأَرْبَعَةِ شُهَدَاءَ ۚ فَإِذْ لَمْ يَأْتُوا بِالشُّهَدَاءِ فَأُولَٰئِكَ عِنْدَ اللَّهِ هُمُ الْكَاذِبُونَ

    Чаро чаҳор шоҳид бар он наёварданд? Пас, чун шоҳидонро наёварданд, ононанд, ки назди Аллоҳ таоло дурӯғгӯ ҳастанд

    24:13
  4. وَلَوْلَا فَضْلُ اللَّهِ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَتُهُ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ لَمَسَّكُمْ فِي مَا أَفَضْتُمْ فِيهِ عَذَابٌ عَظِيمٌ

    Ва агар бахшиши Аллоҳ таоло ва раҳмати Ӯ дар дунёву охират набуд, ҳатман, ба кайфари он чи бад-он пардохтед, ба азобе [сахту] бузург гирифтор мешудед

    24:14
  5. إِذْ تَلَقَّوْنَهُ بِأَلْسِنَتِكُمْ وَتَقُولُونَ بِأَفْوَاهِكُمْ مَا لَيْسَ لَكُمْ بِهِ عِلْمٌ وَتَحْسَبُونَهُ هَيِّنًا وَهُوَ عِنْدَ اللَّهِ عَظِيمٌ

    Он гоҳ ки он [шоеа]-ро аз забони якдигар мешунидед ва суханеро даҳон ба даҳон нақл мекардед, ки дар борааш ҳеҷ огоҳӣ [ва яқинӣ] надоштед ва онро сода [ва кучак] мепиндоштед, дар ҳоле ки он [туҳмат] назди Аллоҳ таоло бисёр бузург аст

    24:15
  6. وَلَوْلَا إِذْ سَمِعْتُمُوهُ قُلْتُمْ مَا يَكُونُ لَنَا أَنْ نَتَكَلَّمَ بِهَٰذَا سُبْحَانَكَ هَٰذَا بُهْتَانٌ عَظِيمٌ

    Чаро ҳангоме ки онро шунидед, нагуфтед: «Сазовор нест, ки ин [сухани бад]-ро бар забон овардем. [Парвардигоро] Ту муназзаҳӣ, ин дурӯғи бузурге аст?»

    24:16
  7. يَعِظُكُمُ اللَّهُ أَنْ تَعُودُوا لِمِثْلِهِ أَبَدًا إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ

    Аллоҳ таоло шуморо панд медиҳад, ки агар муъмин ҳастед, ҳаргиз ин [кор]-ро такрор накунед

    24:17
  8. وَيُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمُ الْآيَاتِ ۚ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

    Ва Аллоҳ таоло оёт [-и худ]-ро барои шумо баён мекунад ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст

    24:18
  9. إِنَّ الَّذِينَ يُحِبُّونَ أَنْ تَشِيعَ الْفَاحِشَةُ فِي الَّذِينَ آمَنُوا لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۚ وَاللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ

    Онон, ки дӯст доранд, байни касоне, ки имон овардаанд, зишткорӣ роиҷ гардад, ҳатман, дар дунё ва охират азобе дарднок [дар пеш] доранд ва Аллоҳ таоло [ҳақоиқу масолеҳро] медонад ва шумо намедонед

    24:19
  10. وَلَوْلَا فَضْلُ اللَّهِ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَتُهُ وَأَنَّ اللَّهَ رَءُوفٌ رَحِيمٌ

    Ва агар бахшиши Аллоҳ таоло ва раҳматаш бар шумо набуд ва ин ки Аллоҳ таоло дилсӯзи меҳрубон аст, [ҳатман, муҷозоти сахте дар интизоратон буд]

    24:20

Тарҷума: Центр переводов «Руввад»