Сура 23 Ал-Муъминун (Муъминун), оят 51 – 77
-
يَا أَيُّهَا الرُّسُلُ كُلُوا مِنَ الطَّيِّبَاتِ وَاعْمَلُوا صَالِحًا ۖ إِنِّي بِمَا تَعْمَلُونَ عَلِيمٌ
Эй паёмбарон, аз [ғизоҳои] покиза бихӯред ва кори шоиста анҷом диҳед. Яқинан, ман ба он чи мекунед, огоҳам
23:51 -
وَإِنَّ هَٰذِهِ أُمَّتُكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَأَنَا رَبُّكُمْ فَاتَّقُونِ
Ва дар ҳақиқат, ин дини шумо дини воҳид [ба номи ислом] аст ва ман Парвардигоратон ҳастам. Пас, аз ман парво кунед [битарсед]
23:52 -
فَتَقَطَّعُوا أَمْرَهُمْ بَيْنَهُمْ زُبُرًا ۖ كُلُّ حِزْبٍ بِمَا لَدَيْهِمْ فَرِحُونَ
Аммо [пайравонашон ихтилоф карданд ва] дар кори динашон миёни худ фирқа-фирқа ва пароканда гаштанд ва ҳар гурӯҳе ба он чи наздашон аст, дилхушанд [чаро ки худро бар ҳақ медонанд]
23:53 -
فَذَرْهُمْ فِي غَمْرَتِهِمْ حَتَّىٰ حِينٍ
Пас, [эй Паёмбар] ононро то вақте [ки азоб фаро мерасад] дар ҷаҳлу нодонишон раҳо кун
23:54 -
أَيَحْسَبُونَ أَنَّمَا نُمِدُّهُمْ بِهِ مِنْ مَالٍ وَبَنِينَ
Оё гумон мекунанд, он чи аз сарвату фарзандон, ки ба онон медиҳем,
23:55 -
نُسَارِعُ لَهُمْ فِي الْخَيْرَاتِ ۚ بَلْ لَا يَشْعُرُونَ
[барои ин аст, ки] шитобон некиҳоро ба эшон бирасонем? [На, ҳаргиз чунин нест] Балки онон [ҳақиқатро] дарнамеёбанд
23:56 -
إِنَّ الَّذِينَ هُمْ مِنْ خَشْيَةِ رَبِّهِمْ مُشْفِقُونَ
Касоне, ки аз бими Парвардигорашон тарсонанд
23:57 -
وَالَّذِينَ هُمْ بِآيَاتِ رَبِّهِمْ يُؤْمِنُونَ
Ва касоне, ки ба оёти Парвардигорашон имон меоваранд
23:58 -
وَالَّذِينَ هُمْ بِرَبِّهِمْ لَا يُشْرِكُونَ
Ва касоне, ки ба Парвардигорашон ширк намеварзанд
23:59 -
وَالَّذِينَ يُؤْتُونَ مَا آتَوْا وَقُلُوبُهُمْ وَجِلَةٌ أَنَّهُمْ إِلَىٰ رَبِّهِمْ رَاجِعُونَ
Ва касоне, ки дар анҷоми корҳои хайр мекӯшанд ва аз ин ки ба сӯйи Парвардигори хеш бозмегарданд, [ва аз ин ки корҳои некашон мақбули даргоҳи ҳақ воқеъ нашавад] дилҳояшон ҳаросон аст
23:60 -
أُولَٰئِكَ يُسَارِعُونَ فِي الْخَيْرَاتِ وَهُمْ لَهَا سَابِقُونَ
Инон дар некиҳо шитоб мекунанд ва дар анҷоми он [аз якдигар] пешӣ мегиранд
23:61 -
وَلَا نُكَلِّفُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا ۖ وَلَدَيْنَا كِتَابٌ يَنْطِقُ بِالْحَقِّ ۚ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ
Ва [Мо] ба ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавонаш таклиф намекунем ва назди Мо китобест, ки [дар бораи аъмоли бандагон] ба ҳақ сухан мегӯяд ва ба онон ситам намешавад
23:62 -
بَلْ قُلُوبُهُمْ فِي غَمْرَةٍ مِنْ هَٰذَا وَلَهُمْ أَعْمَالٌ مِنْ دُونِ ذَٰلِكَ هُمْ لَهَا عَامِلُونَ
[На] Балки дилҳояшон аз ин [китоб] дар ғафлат аст ва онон ба ҷуз ин [гуноҳи куфр] корҳое [дигар низ] анҷом медиҳанд
23:63 -
حَتَّىٰ إِذَا أَخَذْنَا مُتْرَفِيهِمْ بِالْعَذَابِ إِذَا هُمْ يَجْأَرُونَ
То ҳангоме ки сарватмандонашонро ба азоб гирифтор кунем, ногаҳон фарёди зорӣ сар медиҳанд
23:64 -
لَا تَجْأَرُوا الْيَوْمَ ۖ إِنَّكُمْ مِنَّا لَا تُنْصَرُونَ
[Ба онон гуфта мешавад] «Имрӯз нола ва зорӣ накунед, [ки] ҳаргиз аз сӯйи мо ёрӣ нахоҳед шуд
23:65 -
قَدْ كَانَتْ آيَاتِي تُتْلَىٰ عَلَيْكُمْ فَكُنْتُمْ عَلَىٰ أَعْقَابِكُمْ تَنْكِصُونَ
Бе тардид, оёти Ман пайваста бар шумо хонда мешуд, вале [аз ҳақ] рӯй мегардонед
23:66 -
مُسْتَكْبِرِينَ بِهِ سَامِرًا تَهْجُرُونَ
Дар ҳоле ки дар баробараш такаббур мекардед [ва дар маҷолиси шабонаи худ] ба бадгӯӣ мепардохтед
23:67 -
أَفَلَمْ يَدَّبَّرُوا الْقَوْلَ أَمْ جَاءَهُمْ مَا لَمْ يَأْتِ آبَاءَهُمُ الْأَوَّلِينَ
Оё онон дар ин гуфтор [Қуръон] наяндешидаанд ё [магар] чизе барояшон омада, ки барои ниёгонашон наёмадааст?
23:68 -
أَمْ لَمْ يَعْرِفُوا رَسُولَهُمْ فَهُمْ لَهُ مُنْكِرُونَ
Ё паёмбарашонро нашинохтаанд ва [аз ин рӯст, ки] инкораш мекунанд
23:69 -
أَمْ يَقُولُونَ بِهِ جِنَّةٌ ۚ بَلْ جَاءَهُمْ بِالْحَقِّ وَأَكْثَرُهُمْ لِلْحَقِّ كَارِهُونَ
Ё мегӯянд, ӯ ҷунун дорад? [На, чунин нест] Балки [ӯ дини] ҳақро барояшон овардааст, вале бештарашон аз [пазириши] ҳақ нохушнуданд
23:70 -
وَلَوِ اتَّبَعَ الْحَقُّ أَهْوَاءَهُمْ لَفَسَدَتِ السَّمَاوَاتُ وَالْأَرْضُ وَمَنْ فِيهِنَّ ۚ بَلْ أَتَيْنَاهُمْ بِذِكْرِهِمْ فَهُمْ عَنْ ذِكْرِهِمْ مُعْرِضُونَ
Агар Аллоҳ таоло аз ҳавасҳои онон пайравӣ кунад [ва умури ҳастӣ ба майли кофирон идора шавад], осмонҳо ва замин ва ҳар ки дар онҳост, табоҳ мегардад, балки барои онон пандашон [Қуръон]-ро овардаем [ки мояи иззату шарафашон аст], вале онон аз пандашон рӯйгардонанд
23:71 -
أَمْ تَسْأَلُهُمْ خَرْجًا فَخَرَاجُ رَبِّكَ خَيْرٌ ۖ وَهُوَ خَيْرُ الرَّازِقِينَ
[Эй Паёмбар] Оё ту аз онон [барои таблиғи дин] подоше металабӣ? Ва ҳол он ки подоши Парвардигорат [басе] беҳтар аст ва Ӯ беҳтарин рӯзидиҳанда аст
23:72 -
وَإِنَّكَ لَتَدْعُوهُمْ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ
Ва бе тардид, ту ононро ба роҳе рост даъват мекунӣ
23:73 -
وَإِنَّ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ عَنِ الصِّرَاطِ لَنَاكِبُونَ
Касоне, ки ба охират имон надоранд, ҳатман аз ин роҳи [рост] мунҳариф шудаанд
23:74 -
وَلَوْ رَحِمْنَاهُمْ وَكَشَفْنَا مَا بِهِمْ مِنْ ضُرٍّ لَلَجُّوا فِي طُغْيَانِهِمْ يَعْمَهُونَ
Агар ба онон раҳм кунем ва балову ранҷеро, ки [аз қаҳтӣ ва гуруснагӣ] дидаанд, аз эшон бартараф созем, бар саркашӣ [ва гумроҳии] хеш пофишорӣ мекунанд [ва ҳамчунон] ба бероҳа мераванд
23:75 -
وَلَقَدْ أَخَذْنَاهُمْ بِالْعَذَابِ فَمَا اسْتَكَانُوا لِرَبِّهِمْ وَمَا يَتَضَرَّعُونَ
Дар ҳақиқат, [Мо] ононро ба азоб [-у бало] гирифтор сохтем [то бедор шаванд], аммо дар баробари Парвардигорашон фурӯтанӣ нанамуданд ва [ба даргоҳаш тазарруъ ва] зорӣ накарданд
23:76 -
حَتَّىٰ إِذَا فَتَحْنَا عَلَيْهِمْ بَابًا ذَا عَذَابٍ شَدِيدٍ إِذَا هُمْ فِيهِ مُبْلِسُونَ
[Онон пайваста чунин ҳастанд] То он гоҳ ки даре аз азоби сахт бар онон мекушоем [ва чунон гирифтор шаванд], ки [аз ҳама ҷо] маъюс гарданд
23:77
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»