Сура 23 Ал-Муъминун (Муъминун), оят 33 – 50

  1. وَقَالَ الْمَلَأُ مِنْ قَوْمِهِ الَّذِينَ كَفَرُوا وَكَذَّبُوا بِلِقَاءِ الْآخِرَةِ وَأَتْرَفْنَاهُمْ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا مَا هَٰذَا إِلَّا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ يَأْكُلُ مِمَّا تَأْكُلُونَ مِنْهُ وَيَشْرَبُ مِمَّا تَشْرَبُونَ

    Гурӯҳе аз ашроф ва бузургони қавмаш, ки куфр варзида буданд ва дидори охиратро дурӯғ меангоштанд ва дар зиндагии дунё ба онон неъмату осоиш дода будем, гуфтанд: «Ин [мард касе] нест, магар башаре ҳамчун шумо. Аз он чи [шумо] мехӯред, [ӯ низ] мехӯрад ва аз он чи ки шумо менӯшед, [ӯ низ] менӯшад [пас, бартарие надорад, ки паёмбар бошад]

    23:33
  2. وَلَئِنْ أَطَعْتُمْ بَشَرًا مِثْلَكُمْ إِنَّكُمْ إِذًا لَخَاسِرُونَ

    Ва агар аз башаре ҳамчун худ итоат кунед, дар он сурат яқинан, зиёнкоред

    23:34
  3. أَيَعِدُكُمْ أَنَّكُمْ إِذَا مِتُّمْ وَكُنْتُمْ تُرَابًا وَعِظَامًا أَنَّكُمْ مُخْرَجُونَ

    Оё ӯ ба шумо ваъда медиҳад, ки вақте мурдед ва хоку устухон шудед, [дар қиёмат аз гӯр] берун оварда мешавед?

    23:35
  4. هَيْهَاتَ هَيْهَاتَ لِمَا تُوعَدُونَ

    Он чи ба шумо ваъда медиҳад, чи дур аст, чи дур!

    23:36
  5. إِنْ هِيَ إِلَّا حَيَاتُنَا الدُّنْيَا نَمُوتُ وَنَحْيَا وَمَا نَحْنُ بِمَبْعُوثِينَ

    [Зиндагонӣ] Ҷуз ҳамин зиндагии дунёии мо нест. [Гурӯҳе] Мемирем [ва гурӯҳе ба ҷойи онҳо] зинда мешавем ва ҳаргиз [пас аз марг] барангехта нахоҳем шуд

    23:37
  6. إِنْ هُوَ إِلَّا رَجُلٌ افْتَرَىٰ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا وَمَا نَحْنُ لَهُ بِمُؤْمِنِينَ

    Ӯ [касе] нест, магар мардест, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ва мо ба ӯ имон намеоварем»

    23:38
  7. قَالَ رَبِّ انْصُرْنِي بِمَا كَذَّبُونِ

    Паёмбарашон] Гуфт: «Парвардигоро, маро дар баробари такзиби онон ёрӣ кун»

    23:39
  8. قَالَ عَمَّا قَلِيلٍ لَيُصْبِحُنَّ نَادِمِينَ

    [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Пас аз андак замоне, [аз кори худ] сахт пушаймон мешаванд»

    23:40
  9. فَأَخَذَتْهُمُ الصَّيْحَةُ بِالْحَقِّ فَجَعَلْنَاهُمْ غُثَاءً ۚ فَبُعْدًا لِلْقَوْمِ الظَّالِمِينَ

    Пас, бонг [-и маргбор]-е ононро ба ҳақ фуру гирифт ва [ҳамчун] хору хошокашон намудем. Пас, қавми ситамгор [аз раҳмати Аллоҳ таоло] дур бод!

    23:41
  10. ثُمَّ أَنْشَأْنَا مِنْ بَعْدِهِمْ قُرُونًا آخَرِينَ

    Сипас баъд аз онон наслҳое дигар падид овардем

    23:42
  11. مَا تَسْبِقُ مِنْ أُمَّةٍ أَجَلَهَا وَمَا يَسْتَأْخِرُونَ

    Ҳеҷ уммате на аз аҷали худ пешӣ мегирад ва на таъхир мекунад

    23:43
  12. ثُمَّ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا تَتْرَىٰ ۖ كُلَّ مَا جَاءَ أُمَّةً رَسُولُهَا كَذَّبُوهُ ۚ فَأَتْبَعْنَا بَعْضَهُمْ بَعْضًا وَجَعَلْنَاهُمْ أَحَادِيثَ ۚ فَبُعْدًا لِقَوْمٍ لَا يُؤْمِنُونَ

    Сипас паёмбарони худро паёпай фиристодем. Ҳар гоҳ паёмбаре барои [ҳидояти] уммате меомад, ӯро дурӯғгӯ меангоштанд, пас, [Мо низ] ононро яке пас аз дигаре ҳалок кардем ва ононро достонҳо [-и ибратомӯзе барои ояндагон] қарор додем. Пас, нобуд бод, қавме, ки имон намеоваранд!

    23:44
  13. ثُمَّ أَرْسَلْنَا مُوسَىٰ وَأَخَاهُ هَارُونَ بِآيَاتِنَا وَسُلْطَانٍ مُبِينٍ

    Сипас Мӯсо ва бародараш Ҳорунро бо оёти [нуҳгонаи] хеш ва далоили ошкор фиристодем

    23:45
  14. إِلَىٰ فِرْعَوْنَ وَمَلَئِهِ فَاسْتَكْبَرُوا وَكَانُوا قَوْمًا عَالِينَ

    Ба сӯйи Фиръавн ва ашрофи [қавми] ӯ, вале онон гарданкашӣ карданд ва гурӯҳе бартарихоҳ буданд

    23:46
  15. فَقَالُوا أَنُؤْمِنُ لِبَشَرَيْنِ مِثْلِنَا وَقَوْمُهُمَا لَنَا عَابِدُونَ

    Ва гуфтанд: «Оё ба ду инсони монанди худ имон биёварем, ҳол он ки қавмашон бардагони мо ҳастанд?»

    23:47
  16. فَكَذَّبُوهُمَا فَكَانُوا مِنَ الْمُهْلَكِينَ

    Пас он дуро дурӯғгӯ ангоштанд, [ва] саранҷом ҳалок шуданд

    23:48
  17. وَلَقَدْ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ لَعَلَّهُمْ يَهْتَدُونَ

    Ва бе тардид, ба Мӯсо китоби [Таврот] додем, бошад, ки [Бани Исроил] ҳидоят шаванд

    23:49
  18. وَجَعَلْنَا ابْنَ مَرْيَمَ وَأُمَّهُ آيَةً وَآوَيْنَاهُمَا إِلَىٰ رَبْوَةٍ ذَاتِ قَرَارٍ وَمَعِينٍ

    Ва писари Марям ва модарашро нишонае [аз қудрати илоҳӣ] карор додем ва ононро дар маконе баланд ва ҳамворе, ки дорои амният ва обе [зулолу] ҷорӣ буд, ҷой додем

    23:50

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»