Сура 22 Ал-Ҳаҷ (Ҳаҷ), оят 58 – 64
-
وَالَّذِينَ هَاجَرُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ ثُمَّ قُتِلُوا أَوْ مَاتُوا لَيَرْزُقَنَّهُمُ اللَّهُ رِزْقًا حَسَنًا ۚ وَإِنَّ اللَّهَ لَهُوَ خَيْرُ الرَّازِقِينَ
Ва касоне, ки дар роҳи Аллоҳ таоло ҳиҷрат карданд, сипас кушта шуданд ё вафот карданд, яқинан Аллоҳ таоло ба онон рӯзии накуе медиҳад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло беҳтарин рӯзидиҳанда аст
22:58 -
لَيُدْخِلَنَّهُمْ مُدْخَلًا يَرْضَوْنَهُ ۗ وَإِنَّ اللَّهَ لَعَلِيمٌ حَلِيمٌ
Бе тардид, ононро ба ҷойгоҳе ворид мекунад, ки аз он хушнуд бошанд ва ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло донои бурдбор аст
22:59 -
ذَٰلِكَ وَمَنْ عَاقَبَ بِمِثْلِ مَا عُوقِبَ بِهِ ثُمَّ بُغِيَ عَلَيْهِ لَيَنْصُرَنَّهُ اللَّهُ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَعَفُوٌّ غَفُورٌ
Ин аст [ҳукми илоҳӣ дар бораи кофир ва муъмин] ва ҳар кас ба ҳамон миқдор, ки ба ӯ ситам шудааст, муҷозот кунад, сипас [боз] мавриди ситам қарор гирад, Аллоҳ таоло ёриаш хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ таоло бахшандаи омурзанда аст
22:60 -
ذَٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ يُولِجُ اللَّيْلَ فِي النَّهَارِ وَيُولِجُ النَّهَارَ فِي اللَّيْلِ وَأَنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ بَصِيرٌ
Ин [ёрии мазлумон] аз он рӯст, ки Аллоҳ таоло [бар ҳар коре тавоност; чунон ки] шабро дар рӯз мекашонад ва рӯзро дар шаб дармеоварад; ва бе тардид, Аллоҳ таоло шунавои биност
22:61 -
ذَٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ هُوَ الْحَقُّ وَأَنَّ مَا يَدْعُونَ مِنْ دُونِهِ هُوَ الْبَاطِلُ وَأَنَّ اللَّهَ هُوَ الْعَلِيُّ الْكَبِيرُ
Ин бад-он сабаб аст, ки Аллоҳ таоло ҳақ аст ва он чиро, ки [мушрикон] ҷуз ӯ мехонанд, [ҳама] ботил аст ва Аллоҳ таоло баландмартабаи бузург аст
22:62 -
أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ أَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَتُصْبِحُ الْأَرْضُ مُخْضَرَّةً ۗ إِنَّ اللَّهَ لَطِيفٌ خَبِيرٌ
Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло аз осмон обе фурӯ фиристод ва замин [бар асари он хурраму] сарсабз мегардад? Бе тардид, Аллоҳ таоло борикбини огоҳ аст
22:63 -
لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۗ وَإِنَّ اللَّهَ لَهُوَ الْغَنِيُّ الْحَمِيدُ
Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва бе тардид, Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст
22:64
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»