Сура 22 Ал-Ҳаҷ (Ҳаҷ), оят 36 – 37

  1. وَالْبُدْنَ جَعَلْنَاهَا لَكُمْ مِنْ شَعَائِرِ اللَّهِ لَكُمْ فِيهَا خَيْرٌ ۖ فَاذْكُرُوا اسْمَ اللَّهِ عَلَيْهَا صَوَافَّ ۖ فَإِذَا وَجَبَتْ جُنُوبُهَا فَكُلُوا مِنْهَا وَأَطْعِمُوا الْقَانِعَ وَالْمُعْتَرَّ ۚ كَذَٰلِكَ سَخَّرْنَاهَا لَكُمْ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

    [Қурбонӣ кардани] шутур [ва гов дар мавсими ҳаҷ]-ро барои шумо аз шаоири дин [ва нишонаҳои ибодати Аллоҳ таоло] қарор додем. Дар ин [кор] бароятон хайр [-у баракат] аст. Пас, [ҳангоми қурбонӣ] дар ҳоле ки [шутурон] бар по истодаанд, номи Аллоҳро бар онҳо бибаред [ва наҳрашон кунед]. Он гоҳ чун бар хок афтоданд, аз [гӯшти] онҳо бихӯред ва тиҳидастони обрӯманд ва гадоёнро низ таом диҳед. Онҳо [чаҳорпоён]-ро инчунин ба хидмати шумо гумоштем, бошад, ки сипос гузоред

    22:36
  2. لَنْ يَنَالَ اللَّهَ لُحُومُهَا وَلَا دِمَاؤُهَا وَلَٰكِنْ يَنَالُهُ التَّقْوَىٰ مِنْكُمْ ۚ كَذَٰلِكَ سَخَّرَهَا لَكُمْ لِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَاكُمْ ۗ وَبَشِّرِ الْمُحْسِنِينَ

    Гӯшту хуни ин қурбониҳо ҳаргиз ба Аллоҳ таоло намерасад, балки парҳезкории шумост, ки ба Ӯ мерасад. Ӯ онҳоро инчунин ба хидмати шумо гумошт, то Аллоҳро ба [шукронаи] он ки шуморо ҳидоят кардааст, ба бузургӣ ёд кунед ва накукоронро [ба хайру растагорӣ] башорат бидеҳ

    22:37

Тарҷума: Центр переводов «Руввад»