Сура 22 Ал-Ҳаҷ (Ҳаҷ), оят 34 – 38
-
وَلِكُلِّ أُمَّةٍ جَعَلْنَا مَنْسَكًا لِيَذْكُرُوا اسْمَ اللَّهِ عَلَىٰ مَا رَزَقَهُمْ مِنْ بَهِيمَةِ الْأَنْعَامِ ۗ فَإِلَٰهُكُمْ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ فَلَهُ أَسْلِمُوا ۗ وَبَشِّرِ الْمُخْبِتِينَ
Ва барои ҳар уммате оине [дар қурбонӣ кардан] қарор додем, то номи Аллоҳро [вақти забҳ] бар чаҳорпоёне, ки рӯзиашон кардааст, зикр кунанд. Пас, маъбуди шумо маъбуди ягона аст. [Ҳама] Дар баробари Ӯ таслим бошед ва [эй паёмбар, хайри дунё ва охиратро] ба фурӯтанон башорат бидеҳ
22:34 -
الَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ اللَّهُ وَجِلَتْ قُلُوبُهُمْ وَالصَّابِرِينَ عَلَىٰ مَا أَصَابَهُمْ وَالْمُقِيمِي الصَّلَاةِ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ
[Ҳамон] Касоне, ки чун номи Аллоҳ таоло бурда шавад, дилҳояшон метарсад ва [касоне, ки] дар баробари мусибатҳое, ки ба эшон мерасад, шикебо ҳастанд ва онон, ки намозгузоранд ва аз он чи рӯзишон кардаем, инфоқ мекунанд
22:35 -
وَالْبُدْنَ جَعَلْنَاهَا لَكُمْ مِنْ شَعَائِرِ اللَّهِ لَكُمْ فِيهَا خَيْرٌ ۖ فَاذْكُرُوا اسْمَ اللَّهِ عَلَيْهَا صَوَافَّ ۖ فَإِذَا وَجَبَتْ جُنُوبُهَا فَكُلُوا مِنْهَا وَأَطْعِمُوا الْقَانِعَ وَالْمُعْتَرَّ ۚ كَذَٰلِكَ سَخَّرْنَاهَا لَكُمْ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
[Қурбонӣ кардани] шутур [ва гов дар мавсими ҳаҷ]-ро барои шумо аз шаоири дин [ва нишонаҳои ибодати Аллоҳ таоло] қарор додем. Дар ин [кор] бароятон хайр [-у баракат] аст. Пас, [ҳангоми қурбонӣ] дар ҳоле ки [шутурон] бар по истодаанд, номи Аллоҳро бар онҳо бибаред [ва наҳрашон кунед]. Он гоҳ чун бар хок афтоданд, аз [гӯшти] онҳо бихӯред ва тиҳидастони обрӯманд ва гадоёнро низ таом диҳед. Онҳо [чаҳорпоён]-ро инчунин ба хидмати шумо гумоштем, бошад, ки сипос гузоред
22:36 -
لَنْ يَنَالَ اللَّهَ لُحُومُهَا وَلَا دِمَاؤُهَا وَلَٰكِنْ يَنَالُهُ التَّقْوَىٰ مِنْكُمْ ۚ كَذَٰلِكَ سَخَّرَهَا لَكُمْ لِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَاكُمْ ۗ وَبَشِّرِ الْمُحْسِنِينَ
Гӯшту хуни ин қурбониҳо ҳаргиз ба Аллоҳ таоло намерасад, балки парҳезкории шумост, ки ба Ӯ мерасад. Ӯ онҳоро инчунин ба хидмати шумо гумошт, то Аллоҳро ба [шукронаи] он ки шуморо ҳидоят кардааст, ба бузургӣ ёд кунед ва накукоронро [ба хайру растагорӣ] башорат бидеҳ
22:37 -
إِنَّ اللَّهَ يُدَافِعُ عَنِ الَّذِينَ آمَنُوا ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ كُلَّ خَوَّانٍ كَفُورٍ
Аллоҳ таоло аз касоне, ки имон овардаанд, ҳатман, [дар баробари душманонашон] дифоъ мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳеҷ хиёнаткори носипосеро дӯст намедорад
22:38
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»