Сура 22 Ал-Ҳаҷ (Ҳаҷ), оят 11 – 22

  1. وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَعْبُدُ اللَّهَ عَلَىٰ حَرْفٍ ۖ فَإِنْ أَصَابَهُ خَيْرٌ اطْمَأَنَّ بِهِ ۖ وَإِنْ أَصَابَتْهُ فِتْنَةٌ انْقَلَبَ عَلَىٰ وَجْهِهِ خَسِرَ الدُّنْيَا وَالْآخِرَةَ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الْخُسْرَانُ الْمُبِينُ

    Ва аз [миёни] мардум касе ҳаст, ки Аллоҳро бо тардид мепарастад [ва имонаш заиф аст], пас, агар хайре ба ӯ бирасад, [дилаш] ба он ором мегирад [ва бар имонаш боқӣ мемонад] ва агар балое [барои озмоиш] ба ӯ бирасад, рӯ мегардонад [ва ба куфр бозмегардад]. Ӯ дар дунё ва охират зиён кардааст. Ин ҳамон зиёни ошкор аст

    22:11
  2. يَدْعُو مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَا يَضُرُّهُ وَمَا لَا يَنْفَعُهُ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الضَّلَالُ الْبَعِيدُ

    [Инсони кофир] Ба ҷойи Аллоҳ таоло чизеро мехонад, ки на ба ӯ зиёне мерасонад ва на суде мебахшад. Ин ҳамон гумроҳии дуру дароз аст

    22:12
  3. يَدْعُو لَمَنْ ضَرُّهُ أَقْرَبُ مِنْ نَفْعِهِ ۚ لَبِئْسَ الْمَوْلَىٰ وَلَبِئْسَ الْعَشِيرُ

    Ӯ касеро мехонад, ки қатъан, зиёнаш наздиктар аз судаш мебошад ва чи бад дӯст ва чи бад ҳамдаме аст!

    22:13
  4. إِنَّ اللَّهَ يُدْخِلُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ ۚ إِنَّ اللَّهَ يَفْعَلُ مَا يُرِيدُ

    Бе тардид, Аллоҳ таоло касонеро, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста анҷом додаанд, ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Ба ростӣ, Аллоҳ таоло он чиро, ки мехоҳад, анҷом медиҳад

    22:14
  5. مَنْ كَانَ يَظُنُّ أَنْ لَنْ يَنْصُرَهُ اللَّهُ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ فَلْيَمْدُدْ بِسَبَبٍ إِلَى السَّمَاءِ ثُمَّ لْيَقْطَعْ فَلْيَنْظُرْ هَلْ يُذْهِبَنَّ كَيْدُهُ مَا يَغِيظُ

    Касе, ки гумон мекунад, ки Аллоҳ таоло ӯ [паёмбар]-ро дар дунё ва охират ҳаргиз ёрӣ нахоҳад кард [ва акнун ҳимояти Аллоҳро мебинад ва хашмгин аст], пас, бояд ресмоне ба сақф [-и хонааш] биёвезад ва [худро дор бизанад, то роҳи нафас]-ро қатъ кунад [ва то сарҳади марг пеш равад], он гоҳ бингарад, ки оё [ин гуна фанду] найранги ӯ хашмашро аз миён мебарад

    22:15
  6. وَكَذَٰلِكَ أَنْزَلْنَاهُ آيَاتٍ بَيِّنَاتٍ وَأَنَّ اللَّهَ يَهْدِي مَنْ يُرِيدُ

    Ва бад-ин гуна Мо ин [Қуръон]-ро [ба сурати] оёте равшан нозил кардем ва Аллоҳ таоло ҳар киро хоҳад, ҳидоят мекунад

    22:16
  7. إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَالَّذِينَ هَادُوا وَالصَّابِئِينَ وَالنَّصَارَىٰ وَالْمَجُوسَ وَالَّذِينَ أَشْرَكُوا إِنَّ اللَّهَ يَفْصِلُ بَيْنَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ

    Касоне, ки имон овардаанд ва касоне, ки яҳудӣ шуданд ва собеон [фитратгароён] ва масеҳиён ва зартуштиён ва касоне, ки ширк варзиданд, яқинан, рӯзи қиёмат Аллоҳ таоло миёнашон доварӣ мекунад. Бе гумон, Аллоҳ таоло бар ҳар чизе гувоҳ аст

    22:17
  8. أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ يَسْجُدُ لَهُ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَمَنْ فِي الْأَرْضِ وَالشَّمْسُ وَالْقَمَرُ وَالنُّجُومُ وَالْجِبَالُ وَالشَّجَرُ وَالدَّوَابُّ وَكَثِيرٌ مِنَ النَّاسِ ۖ وَكَثِيرٌ حَقَّ عَلَيْهِ الْعَذَابُ ۗ وَمَنْ يُهِنِ اللَّهُ فَمَا لَهُ مِنْ مُكْرِمٍ ۚ إِنَّ اللَّهَ يَفْعَلُ مَا يَشَاءُ ۩

    Оё надидӣ, ки ҳар ки дар осмонҳо ва ҳар ки дар замин аст ва хуршед ва моҳу ситорагон ва кӯҳҳо ва дарахтон ва ҷунбандагон ва бисёре аз мардум барои Аллоҳ таоло саҷда мекунанд? Ва бисёре низ ҳастанд, ки [дар натиҷаи сарпечӣ аз парастиш фармони] азоб бар онон таҳаққуқ ёфтааст ва ҳар ки Аллоҳ таоло хораш созад, касе гиромиаш намедорад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳар чи бихоҳад анҷом медиҳад

    22:18
  9. هَٰذَانِ خَصْمَانِ اخْتَصَمُوا فِي رَبِّهِمْ ۖ فَالَّذِينَ كَفَرُوا قُطِّعَتْ لَهُمْ ثِيَابٌ مِنْ نَارٍ يُصَبُّ مِنْ فَوْقِ رُءُوسِهِمُ الْحَمِيمُ

    Ин ду [гурӯҳи муъмин ва кофир] душманони якдигаранд ва дар бораи Парвардигорашон ситез мекунанд. Пас касоне, ки куфр варзиданд, барояшон ҷомаҳое аз оташ буридаанд [ва] аз болои сарашон [бар онон] оби ҷӯшон мерезанд

    22:19
  10. يُصْهَرُ بِهِ مَا فِي بُطُونِهِمْ وَالْجُلُودُ

    Он чи дар дарунашон ҳаст ва [низ] пӯстҳояшон бо он гудохта мешавад

    22:20
  11. وَلَهُمْ مَقَامِعُ مِنْ حَدِيدٍ

    Ва барояшон гурзҳои оҳанин [муҳайё] аст

    22:21
  12. كُلَّمَا أَرَادُوا أَنْ يَخْرُجُوا مِنْهَا مِنْ غَمٍّ أُعِيدُوا فِيهَا وَذُوقُوا عَذَابَ الْحَرِيقِ

    Ҳар гоҳ бихоҳанд, аз [шиддати] андуҳ аз он ҷо [дузах] хориҷ шаванд, ба он бозгардонда мешаванд ва [ба онон гуфта мешавад]: «Азоби сӯзонро бичашед»

    22:22

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»