Сура 22 Ал-Ҳаҷ (Ҳаҷ), оят 1 – 10

  1. يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمْ ۚ إِنَّ زَلْزَلَةَ السَّاعَةِ شَيْءٌ عَظِيمٌ

    Эй мардум, аз Парвардигоратон парво кунед. Бе тардид, зилзилаи қиёмат амри бузурге аст

    22:1
  2. يَوْمَ تَرَوْنَهَا تَذْهَلُ كُلُّ مُرْضِعَةٍ عَمَّا أَرْضَعَتْ وَتَضَعُ كُلُّ ذَاتِ حَمْلٍ حَمْلَهَا وَتَرَى النَّاسَ سُكَارَىٰ وَمَا هُمْ بِسُكَارَىٰ وَلَٰكِنَّ عَذَابَ اللَّهِ شَدِيدٌ

    Рӯзе, ки онро мебинед, [он чунон ваҳшатнок аст, ки] ҳар модари ширдеҳе [фарзанди] ширхорашро фаромӯш мекунад ва ҳар [мавҷуди] бордоре ҷанини худро [бар замин] мениҳад ва мардумро маст мебинӣ, дар ҳоле ки маст нестанд, балки азоби Аллоҳ таоло шадид аст

    22:2
  3. وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يُجَادِلُ فِي اللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَيَتَّبِعُ كُلَّ شَيْطَانٍ مَرِيدٍ

    Ва аз [миёни] мардум касе ҳаст, ки бидуни [ҳеҷ] донише дар бораи Аллоҳ таоло муҷодала мекунад ва аз ҳар шайтони саркаше пайравӣ менамояд

    22:3
  4. كُتِبَ عَلَيْهِ أَنَّهُ مَنْ تَوَلَّاهُ فَأَنَّهُ يُضِلُّهُ وَيَهْدِيهِ إِلَىٰ عَذَابِ السَّعِيرِ

    [Дар қазои илоҳӣ бар шайтон] Муқаррар шудааст, ҳар ки ӯро ба дӯстӣ бигирад, ҳатман, гумроҳаш месозад ва ба азоби оташ мекашонад

    22:4
  5. يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنْ كُنْتُمْ فِي رَيْبٍ مِنَ الْبَعْثِ فَإِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ تُرَابٍ ثُمَّ مِنْ نُطْفَةٍ ثُمَّ مِنْ عَلَقَةٍ ثُمَّ مِنْ مُضْغَةٍ مُخَلَّقَةٍ وَغَيْرِ مُخَلَّقَةٍ لِنُبَيِّنَ لَكُمْ ۚ وَنُقِرُّ فِي الْأَرْحَامِ مَا نَشَاءُ إِلَىٰ أَجَلٍ مُسَمًّى ثُمَّ نُخْرِجُكُمْ طِفْلًا ثُمَّ لِتَبْلُغُوا أَشُدَّكُمْ ۖ وَمِنْكُمْ مَنْ يُتَوَفَّىٰ وَمِنْكُمْ مَنْ يُرَدُّ إِلَىٰ أَرْذَلِ الْعُمُرِ لِكَيْلَا يَعْلَمَ مِنْ بَعْدِ عِلْمٍ شَيْئًا ۚ وَتَرَى الْأَرْضَ هَامِدَةً فَإِذَا أَنْزَلْنَا عَلَيْهَا الْمَاءَ اهْتَزَّتْ وَرَبَتْ وَأَنْبَتَتْ مِنْ كُلِّ زَوْجٍ بَهِيجٍ

    Эй мардум, агар дар бораи барангехта шудан [дар қиёмат] тардид доред, пас, [бидонед, ки] бе тардид, Мо шуморо аз хок офаридем, сипас аз нутфа ва он гоҳ аз хуни басташуда, сипас аз порагӯште шаклёфта ва [баъзан] шаклноёфта, [чунин кардем] то [қудрати хешро] бароятон ошкор созем; ва ҳар чиро ки бихоҳем, то муддате муайян дар раҳим [-и модарон] нигаҳ медорем, он гоҳ шуморо ба сурати навзоде берун меоварем, сипас [парвариш меёбед] то ба ҳадди рушд [ва булуғи] худ бирасед ва аз шумо касе ҳаст, ки [дар даврони ҷавонӣ] мемирад ва касе низ ҳаст [ки он қадар умр мебинанд, то] ба ниҳояти фартутӣ [ва куҳансолӣ] мерасад, чунонки пас аз [он ҳама] дониш [ҳамаро фаромӯш мекунад ва] чизе намедонад. Ва [аммо мисоле дигар] заминро хушкида мебинӣ, вале чун оби [борон] бар он фурӯ мефиристем, ба ҷунбиш дармеояд ва рушд мекунад ва аз ҳар навъ [гиёҳи] зебое мерӯёнад

    22:5
  6. ذَٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ هُوَ الْحَقُّ وَأَنَّهُ يُحْيِي الْمَوْتَىٰ وَأَنَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

    Ин [шигифтиҳои хилқат] аз он рӯст, ки [бидонед] Аллоҳ таоло ҳақ аст ва ӯст, ки мурдагонро зинда мекунад ва ӯ бар ҳар коре тавоност

    22:6
  7. وَأَنَّ السَّاعَةَ آتِيَةٌ لَا رَيْبَ فِيهَا وَأَنَّ اللَّهَ يَبْعَثُ مَنْ فِي الْقُبُورِ

    Ва ин ки қиёмат омаданӣ аст [ва] тардиде дар он нест ва ин ки Аллоҳ таоло [ҳамаи] касонеро, ки дар гӯрҳо ҳастанд, бармеангезад

    22:7
  8. وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يُجَادِلُ فِي اللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَلَا هُدًى وَلَا كِتَابٍ مُنِيرٍ

    Ва аз мардум касе ҳаст, ки бидуни ҳеҷ дониш ва ҳидоят ва китоби равшанибахше дар бораи Аллоҳ таоло муҷодала мекунад

    22:8
  9. ثَانِيَ عِطْفِهِ لِيُضِلَّ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۖ لَهُ فِي الدُّنْيَا خِزْيٌ ۖ وَنُذِيقُهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ عَذَابَ الْحَرِيقِ

    [Аз рӯйи такаббур] Сари хеш бармегардонад, то [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳ созад. Барои ӯ дар ин дунё расвоӣ ва хорӣ аст ва рӯзи қиёмат [низ] азоби оташи сӯзонро ба ӯ мечашонем

    22:9
  10. ذَٰلِكَ بِمَا قَدَّمَتْ يَدَاكَ وَأَنَّ اللَّهَ لَيْسَ بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ

    Ин [кайфар] ба сазои корҳоест, ки аз пеш фиристодааст ва Аллоҳ таоло ҳаргиз нисбат ба бандагон [-и худ] ситамгор нест

    22:10

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»