Сура 19 Марям, оят 83 – 98
-
أَلَمْ تَرَ أَنَّا أَرْسَلْنَا الشَّيَاطِينَ عَلَى الْكَافِرِينَ تَؤُزُّهُمْ أَزًّا
[Эй Паёмбар] Оё надидӣ, ки Мо шаётинро бар кофирон фиристодем, то ононро [бо васвасаҳои худ] таҳрик кунанд [ва аз роҳи Аллоҳ таоло боздоранд]?
19:83 -
فَلَا تَعْجَلْ عَلَيْهِمْ ۖ إِنَّمَا نَعُدُّ لَهُمْ عَدًّا
Пас, дар бораи [нобудии] онон шитоб накун. Ҷуз ин нест, ки Мо [рӯзҳои марг ва фаро расидани азобро] ба диққат барояшон мешуморем
19:84 -
يَوْمَ نَحْشُرُ الْمُتَّقِينَ إِلَى الرَّحْمَٰنِ وَفْدًا
[Ёд кун аз] Рӯзе, ки парҳезкоронро [бо иззату эҳтиром] ба меҳмонии [Аллоҳи] Раҳмон гирд меоварем
19:85 -
وَنَسُوقُ الْمُجْرِمِينَ إِلَىٰ جَهَنَّمَ وِرْدًا
Ва муҷримонро ташнаком ба сӯйи ҷаҳаннам меронем
19:86 -
لَا يَمْلِكُونَ الشَّفَاعَةَ إِلَّا مَنِ اتَّخَذَ عِنْدَ الرَّحْمَٰنِ عَهْدًا
Онон ҳаргиз [тавони] шафоат надоранд; магар касе, ки [бо имон ва амали шоистааш] аз [Аллоҳи] Раҳмон паймоне гирифта бошад
19:87 -
وَقَالُوا اتَّخَذَ الرَّحْمَٰنُ وَلَدًا
Ва [мушрикон] гуфтанд: «[Аллоҳи] Раҳмон фарзанде [барои хеш] баргузидааст»
19:88 -
لَقَدْ جِئْتُمْ شَيْئًا إِدًّا
Ба ростӣ, [бо ин иддао] чизе бисёр зишт [ба миён] овардед!
19:89 -
تَكَادُ السَّمَاوَاتُ يَتَفَطَّرْنَ مِنْهُ وَتَنْشَقُّ الْأَرْضُ وَتَخِرُّ الْجِبَالُ هَدًّا
Аз ин [сухани куфромез] наздик аст осмонҳо аз ҳам бипошад ва замин бишкофад ва кӯҳҳо дар ҳам бишкананд ва фуру резанд
19:90 -
أَنْ دَعَوْا لِلرَّحْمَٰنِ وَلَدًا
[Чаро] Ки барои [Аллоҳи] Раҳмон фарзанде иддао кардаанд
19:91 -
وَمَا يَنْبَغِي لِلرَّحْمَٰنِ أَنْ يَتَّخِذَ وَلَدًا
Ва ҳаргиз сазовори [Аллоҳи] Раҳмон нест, ки фарзанде баргузинад
19:92 -
إِنْ كُلُّ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ إِلَّا آتِي الرَّحْمَٰنِ عَبْدًا
Дар осмонҳо ва замин ҳеҷ касе нест, магар он ки [дар рӯзи қиёмат хоксор ва] бандавор назди Аллоҳи Раҳмон меояд
19:93 -
لَقَدْ أَحْصَاهُمْ وَعَدَّهُمْ عَدًّا
Яқинан, [Аллоҳ таоло ҳамаи] ононро дар шумор оварда ва дуруст баршумурдааст
19:94 -
وَكُلُّهُمْ آتِيهِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَرْدًا
Ва ҳамагиашон рӯзи қиёмат танҳо [ва тиҳидаст] назди Ӯ ҳозир мешаванд
19:95 -
إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ سَيَجْعَلُ لَهُمُ الرَّحْمَٰنُ وُدًّا
Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, яқинан, [Аллоҳи] Раҳмон [дар дилҳои бандагонаш] барояшон муҳаббате хоҳад ниҳод
19:96 -
فَإِنَّمَا يَسَّرْنَاهُ بِلِسَانِكَ لِتُبَشِّرَ بِهِ الْمُتَّقِينَ وَتُنْذِرَ بِهِ قَوْمًا لُدًّا
[Эй Паёмбар] Бе тардид, Мо ин [Қуръон]-ро бар забони ту осон намудем, то парҳезкоронро бо он башорат диҳӣ ва ситезагарон [-и сарсахт]-ро бим диҳӣ
19:97 -
وَكَمْ أَهْلَكْنَا قَبْلَهُمْ مِنْ قَرْنٍ هَلْ تُحِسُّ مِنْهُمْ مِنْ أَحَدٍ أَوْ تَسْمَعُ لَهُمْ رِكْزًا
Ва чи бисёр наслҳои гузаштаро пеш аз онон нобуд кардем. Оё [вуҷуди] ҳеҷ як аз ононро эҳсос мекунӣ ё камтарин садое аз онон мешунавӣ?
19:98
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»