Сура 19 Марям, оят 7 – 15
-
يَا زَكَرِيَّا إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلَامٍ اسْمُهُ يَحْيَىٰ لَمْ نَجْعَلْ لَهُ مِنْ قَبْلُ سَمِيًّا
[Аллоҳ таоло дуояшро иҷобат карду фармуд] «Эй Закариё, Мо туро ба [таваллуди] писаре башорат медиҳем, ки номаш Яҳё аст [ва] пеш аз ин ҳамноме барояш қарор надодаем»
19:7 -
قَالَ رَبِّ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي غُلَامٌ وَكَانَتِ امْرَأَتِي عَاقِرًا وَقَدْ بَلَغْتُ مِنَ الْكِبَرِ عِتِيًّا
[Закариё] Гуфт: «Парвардигоро, чи гуна писаре хоҳам дошт, дар ҳоле ки ҳамсарам нозост ва ман [низ] аз шиддати пирӣ ба нотавонӣ расидаам?»
19:8 -
قَالَ كَذَٰلِكَ قَالَ رَبُّكَ هُوَ عَلَيَّ هَيِّنٌ وَقَدْ خَلَقْتُكَ مِنْ قَبْلُ وَلَمْ تَكُ شَيْئًا
[Фаришта] Гуфт: «Ин гуна аст [ки ту мегӯӣ, вале] Парвардигорат фармудааст: «Ин [амр] барои Ман осон аст ва ба ростӣ, пеш аз ин [низ] туро офаридем, дар ҳоле ки чизе набудӣ»
19:9 -
قَالَ رَبِّ اجْعَلْ لِي آيَةً ۚ قَالَ آيَتُكَ أَلَّا تُكَلِّمَ النَّاسَ ثَلَاثَ لَيَالٍ سَوِيًّا
[Закариё] Гуфт: «Парвардигоро, барои ман нишонае [бар таҳаққуқи ин башорат] қарор бидеҳ». [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Нишонаи ту ин аст, ки cе шабона [рӯз] дар ҳоле ки солим [ва тандуруст] ҳастӣ, бо мардум сухан намегӯӣ»
19:10 -
فَخَرَجَ عَلَىٰ قَوْمِهِ مِنَ الْمِحْرَابِ فَأَوْحَىٰ إِلَيْهِمْ أَنْ سَبِّحُوا بُكْرَةً وَعَشِيًّا
Пас, ӯ аз меҳроб [ ҷойгоҳи ибодаташ] ба сӯйи қавмаш рафт ва ба онон ишора кард, ки: «бомдоду шомгоҳ [Парвардигорро] ба покӣ ёд кунед»
19:11 -
يَا يَحْيَىٰ خُذِ الْكِتَابَ بِقُوَّةٍ ۖ وَآتَيْنَاهُ الْحُكْمَ صَبِيًّا
[Аллоҳ таоло фармуд] «Эй Яҳё, китоби [Таврот]-ро бо қувват [ва ҷиддият] бигир» ва дар кӯдакӣ ба ӯ дониш [ва ҳикмат] додем
19:12 -
وَحَنَانًا مِنْ لَدُنَّا وَزَكَاةً ۖ وَكَانَ تَقِيًّا
Ва аз ҷониби хеш [ба ӯ] муҳаббату покӣ [аз гуноҳон ато кардем] ва ӯ парҳезкор буд
19:13 -
وَبَرًّا بِوَالِدَيْهِ وَلَمْ يَكُنْ جَبَّارًا عَصِيًّا
Ва нисбат ба падару модараш накукор буд ва саркаш [-у] нофармон набуд
19:14 -
وَسَلَامٌ عَلَيْهِ يَوْمَ وُلِدَ وَيَوْمَ يَمُوتُ وَيَوْمَ يُبْعَثُ حَيًّا
Ва салом [ва амнияти Аллоҳ таоло] бар ӯ бод, рӯзе, ки мутаваллид шуд ва рӯзе, ки мемирад ва рӯзе, ки зинда барангехта мешавад
19:15
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»