Сура 19 Марям, оят 66 – 82

  1. وَيَقُولُ الْإِنْسَانُ أَإِذَا مَا مِتُّ لَسَوْفَ أُخْرَجُ حَيًّا

    Ва инсони [кофир] мегӯяд: «Оё ҳангоме ки бимирам, ба ростӣ, маро зинда [аз гӯр] берун хоҳанд овард?»

    19:66
  2. أَوَلَا يَذْكُرُ الْإِنْسَانُ أَنَّا خَلَقْنَاهُ مِنْ قَبْلُ وَلَمْ يَكُ شَيْئًا

    Оё инсон ба ёд намеоварад, ки мо пеш аз ин ӯро офаридем, дар ҳоле ки ҳеҷ набуд?

    19:67
  3. فَوَرَبِّكَ لَنَحْشُرَنَّهُمْ وَالشَّيَاطِينَ ثُمَّ لَنُحْضِرَنَّهُمْ حَوْلَ جَهَنَّمَ جِثِيًّا

    Пас, савганд ба Парвардигорат, ки яқинан, онон [мункирони қиёмат]-ро бо шаётин маҳшур хоҳем кард; сипас ҳамаро ба зону дароварда гирдогирди дузах ҳозир мекунем

    19:68
  4. ثُمَّ لَنَنْزِعَنَّ مِنْ كُلِّ شِيعَةٍ أَيُّهُمْ أَشَدُّ عَلَى الرَّحْمَٰنِ عِتِيًّا

    Сипас аз ҳар гурӯҳе касонеро дар баробари [фармони Аллоҳи] Раҳмон саркаштар будаанд, берун мекашем

    19:69
  5. ثُمَّ لَنَحْنُ أَعْلَمُ بِالَّذِينَ هُمْ أَوْلَىٰ بِهَا صِلِيًّا

    Он гоҳ, яқинан, Мо ба [ҳоли] касоне, ки барои [дарафтодан ба] он [оташи даҳшатнок] сазовортаранд, донотарем

    19:70
  6. وَإِنْ مِنْكُمْ إِلَّا وَارِدُهَا ۚ كَانَ عَلَىٰ رَبِّكَ حَتْمًا مَقْضِيًّا

    Ва ҳеҷ як аз шумо [мардум] нест, магар он ки вориди он мегардад; [муъминон барои убур ва дидан, кофирон барои вуруд ва мондан]. Ин [амр] ҳамвора бар Парвардигорат қазои ҳатмӣ аст

    19:71
  7. ثُمَّ نُنَجِّي الَّذِينَ اتَّقَوْا وَنَذَرُ الظَّالِمِينَ فِيهَا جِثِيًّا

    Сипас касонеро, ки парҳезкорӣ кардаанд, [аз оташ] наҷот медиҳем ва золимонро ба зону даромада, дар он раҳо мекунем

    19:72
  8. وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ آيَاتُنَا بَيِّنَاتٍ قَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لِلَّذِينَ آمَنُوا أَيُّ الْفَرِيقَيْنِ خَيْرٌ مَقَامًا وَأَحْسَنُ نَدِيًّا

    Ва ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон тиловат мешавад, касоне, ки куфр варзидаанд, ба афроде, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Кадом як аз [мо] ду гурӯҳ ҷойгоҳе беҳтару маҷлисе накутар дорад?»

    19:73
  9. وَكَمْ أَهْلَكْنَا قَبْلَهُمْ مِنْ قَرْنٍ هُمْ أَحْسَنُ أَثَاثًا وَرِئْيًا

    Чи бисёр наслҳоро пеш аз онон нобуд кардем, ки сарвате бештар ва зоҳире оростатар доштанд

    19:74
  10. قُلْ مَنْ كَانَ فِي الضَّلَالَةِ فَلْيَمْدُدْ لَهُ الرَّحْمَٰنُ مَدًّا ۚ حَتَّىٰ إِذَا رَأَوْا مَا يُوعَدُونَ إِمَّا الْعَذَابَ وَإِمَّا السَّاعَةَ فَسَيَعْلَمُونَ مَنْ هُوَ شَرٌّ مَكَانًا وَأَضْعَفُ جُنْدًا

    [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ҳар ки дар гумроҳӣ аст, [Аллоҳи] Раҳмон ба ӯ муҳлат медиҳад [то гумроҳиаш бештар шавад] то замоне, ки ваъдаи илоҳиро [ба чашми худ] бубинанд: ё азоби [дунё] ё [кайфари] қиёмат. Пас, ба зудӣ хоҳанд донист, ки чи касе ҷойгоҳаш бадтар ва сипоҳаш нотавонтар аст»

    19:75
  11. وَيَزِيدُ اللَّهُ الَّذِينَ اهْتَدَوْا هُدًى ۗ وَالْبَاقِيَاتُ الصَّالِحَاتُ خَيْرٌ عِنْدَ رَبِّكَ ثَوَابًا وَخَيْرٌ مَرَدًّا

    Ва [аммо] касоне, ки роҳ ёфтаанд, Аллоҳ таоло бар ҳидояташон меафзояд; ва некиҳои пойдор [рафтору гуфтори шоиста] дар пешгоҳи Парвардигорат подоше беҳтар ва саранҷоме накутар дорад

    19:76
  12. أَفَرَأَيْتَ الَّذِي كَفَرَ بِآيَاتِنَا وَقَالَ لَأُوتَيَنَّ مَالًا وَوَلَدًا

    Оё дидӣ он касеро, ки ба оёти Мо кофир шуд ва гуфт: «Ҳатман, молу фарзанд [-и фаровоне дар охират] ба ман дода хоҳад шуд?»

    19:77
  13. أَطَّلَعَ الْغَيْبَ أَمِ اتَّخَذَ عِنْدَ الرَّحْمَٰنِ عَهْدًا

    Оё ӯ бар ғайб огоҳӣ ёфтааст, ё аз [Аллоҳи] Раҳмон паймоне гирифтааст?

    19:78
  14. كَلَّا ۚ سَنَكْتُبُ مَا يَقُولُ وَنَمُدُّ لَهُ مِنَ الْعَذَابِ مَدًّا

    [Ҳаргиз] Чунин нест; гуфтаашро менависем ва бар азобаш меафзоем

    19:79
  15. وَنَرِثُهُ مَا يَقُولُ وَيَأْتِينَا فَرْدًا

    Ва он чи [аз амволу фарзандон], ки мегӯяд, аз ӯ ба ирс мебарем ва [рӯзи қиёмат тиҳидаст ва] танҳо назди мо меояд

    19:80
  16. وَاتَّخَذُوا مِنْ دُونِ اللَّهِ آلِهَةً لِيَكُونُوا لَهُمْ عِزًّا

    Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло маъбудоне баргузидаанд, то [ёвару] пуштибонашон бошад

    19:81
  17. كَلَّا ۚ سَيَكْفُرُونَ بِعِبَادَتِهِمْ وَيَكُونُونَ عَلَيْهِمْ ضِدًّا

    Чунин нест; [балки он маъбудҳо дар қиёмат] ибодати ононро инкор хоҳанд кард ва душманашон хоҳанд буд

    19:82

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»