Сура 19 Марям, оят 51 – 65
-
وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ مُوسَىٰ ۚ إِنَّهُ كَانَ مُخْلَصًا وَكَانَ رَسُولًا نَبِيًّا
Ва дар ин китоб аз Мӯсо ёд кун. Бе тардид, ӯ [баргузидае] мухлис ва фиристодаву паёмбар буд
19:51 -
وَنَادَيْنَاهُ مِنْ جَانِبِ الطُّورِ الْأَيْمَنِ وَقَرَّبْنَاهُ نَجِيًّا
Ва [мо] ӯро аз самти рости [кӯҳи] Тӯр нидо додем ва муноҷоткунон [ба хеш] наздикаш сохтем
19:52 -
وَوَهَبْنَا لَهُ مِنْ رَحْمَتِنَا أَخَاهُ هَارُونَ نَبِيًّا
Ва аз раҳмати худ бародараш Ҳорунро – ки, паёмбар [ва ёвари ӯ] буд – ва ба вай ато кардем
19:53 -
وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ إِسْمَاعِيلَ ۚ إِنَّهُ كَانَ صَادِقَ الْوَعْدِ وَكَانَ رَسُولًا نَبِيًّا
Ва дар ин китоб аз Исмоил ёд кун. Бе тардид, ӯ ростваъда ва фиристодаву паёмбар буд
19:54 -
وَكَانَ يَأْمُرُ أَهْلَهُ بِالصَّلَاةِ وَالزَّكَاةِ وَكَانَ عِنْدَ رَبِّهِ مَرْضِيًّا
Ва [ҳамвора] хонаводаашро ба намозу закот фармон медод ва назди Парвардигораш писандида буд
19:55 -
وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ إِدْرِيسَ ۚ إِنَّهُ كَانَ صِدِّيقًا نَبِيًّا
Ва дар ин китоб аз Идрис ёд кун. Бе тардид, ӯ ростгуфтору паёмбаре буд
19:56 -
وَرَفَعْنَاهُ مَكَانًا عَلِيًّا
Ва [мо] ӯро ба мақоме баланд баркашидем
19:57 -
أُولَٰئِكَ الَّذِينَ أَنْعَمَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ مِنَ النَّبِيِّينَ مِنْ ذُرِّيَّةِ آدَمَ وَمِمَّنْ حَمَلْنَا مَعَ نُوحٍ وَمِنْ ذُرِّيَّةِ إِبْرَاهِيمَ وَإِسْرَائِيلَ وَمِمَّنْ هَدَيْنَا وَاجْتَبَيْنَا ۚ إِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ آيَاتُ الرَّحْمَٰنِ خَرُّوا سُجَّدًا وَبُكِيًّا ۩
Инон касоне аз паёмбарон ҳастанд, ки Аллоҳ таоло бар эшон неъмат [ҳидоят] дод; [афроде] аз фарзандони Одам ва аз касоне, ки ҳамроҳи Нуҳ [бар киштӣ] савор кардем ва аз фарзандони Иброҳим ва Яъқуб ва аз [ҷумла] афроде, ки ҳидоят кардем ва баргузидем [ва] ҳар гоҳ оёти [Парвардигори] Раҳмон бар эшон хонда мешуд, саҷдакунон ва гирён ба хок меафтоданд
19:58 -
فَخَلَفَ مِنْ بَعْدِهِمْ خَلْفٌ أَضَاعُوا الصَّلَاةَ وَاتَّبَعُوا الشَّهَوَاتِ ۖ فَسَوْفَ يَلْقَوْنَ غَيًّا
Он гоҳ пас аз онон ҷонишиноне гумроҳ ва ношоиста омаданд, ки намозро табоҳ сохтанд [дар он саҳлангорӣ намуданд] ва аз ҳавасҳо [ва шаҳавот] пайравӣ карданд; ва ба зудӣ [кайфари] гумроҳии [хеш]-ро хоҳанд дид
19:59 -
إِلَّا مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا فَأُولَٰئِكَ يَدْخُلُونَ الْجَنَّةَ وَلَا يُظْلَمُونَ شَيْئًا
Магар касе, ки тавба намуд ва имон овард ва коре шоиста кард. Пас, инон ба биҳишт дохил мешаванд ва бар онон ҳеҷ ситаме намеравад
19:60 -
جَنَّاتِ عَدْنٍ الَّتِي وَعَدَ الرَّحْمَٰنُ عِبَادَهُ بِالْغَيْبِ ۚ إِنَّهُ كَانَ وَعْدُهُ مَأْتِيًّا
Боғҳое ҷовидон, ки [Аллоҳи] Раҳмон аз [олам] нопайдо ба бандагонаш ваъда додааст. Яқинан, ваъдаи ӯ омаданӣ аст
19:61 -
لَا يَسْمَعُونَ فِيهَا لَغْوًا إِلَّا سَلَامًا ۖ وَلَهُمْ رِزْقُهُمْ فِيهَا بُكْرَةً وَعَشِيًّا
Дар он ҷо сухани беҳудае намешунавад [ва гуфторашон] ҷуз салом [у таҳият нест]; ва дар он ҷо бар эшон [ҳар] субҳу шом рӯзӣ [беҳисоб фароҳам] аст
19:62 -
تِلْكَ الْجَنَّةُ الَّتِي نُورِثُ مِنْ عِبَادِنَا مَنْ كَانَ تَقِيًّا
Ин ҳамон биҳиште аст, ки ба ҳар кас аз бандагонамон, ки [дар дунё] парҳезкор бошад, ба мерос медиҳем
19:63 -
وَمَا نَتَنَزَّلُ إِلَّا بِأَمْرِ رَبِّكَ ۖ لَهُ مَا بَيْنَ أَيْدِينَا وَمَا خَلْفَنَا وَمَا بَيْنَ ذَٰلِكَ ۚ وَمَا كَانَ رَبُّكَ نَسِيًّا
Ва [эй Ҷабраил, ба Муҳаммад бигӯ] «Мо ҷуз ба фармони Парвардигорат фуруд намеоем. Ӯ ҳоким бар оянда ва гузашта ва ҳоли мост; ва Парвардигорат фаромӯшкор нест
19:64 -
رَبُّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا فَاعْبُدْهُ وَاصْطَبِرْ لِعِبَادَتِهِ ۚ هَلْ تَعْلَمُ لَهُ سَمِيًّا
[Ҳамон] Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост; пас, ӯро парастиш кун ва бар ибодаташ шикебо [ва пойдор] бош. Оё [ҳаммонанд ва] ҳамноме барояш мешиносӣ?»
19:65
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»