Сура 19 Марям, оят 41 – 50
-
وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ إِبْرَاهِيمَ ۚ إِنَّهُ كَانَ صِدِّيقًا نَبِيًّا
Ва [эй Паёмбар] дар ин китоб аз Иброҳим ёд кун. Бе тардид, ӯ паёмбаре ростгӯ буд
19:41 -
إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ يَا أَبَتِ لِمَ تَعْبُدُ مَا لَا يَسْمَعُ وَلَا يُبْصِرُ وَلَا يُغْنِي عَنْكَ شَيْئًا
Ҳангоме ки ба падараш [Озар] гуфт: «Падарҷон, чаро чизеро парастиш мекунӣ, ки на [дуоятро] мешунавад ва на [ибодататро] мебинад ва на газандеро аз ту дур месозад?
19:42 -
يَا أَبَتِ إِنِّي قَدْ جَاءَنِي مِنَ الْعِلْمِ مَا لَمْ يَأْتِكَ فَاتَّبِعْنِي أَهْدِكَ صِرَاطًا سَوِيًّا
Падарҷон, яқинан, аз дониши [ваҳй] чизе ба ман расидааст, ки [ҳаргиз] ба ту нарасидааст; пас, аз ман пайравӣ кун, то ба роҳе рост ҳидоят кунам
19:43 -
يَا أَبَتِ لَا تَعْبُدِ الشَّيْطَانَ ۖ إِنَّ الشَّيْطَانَ كَانَ لِلرَّحْمَٰنِ عَصِيًّا
Падарҷон, аз шайтон пайравӣ накун, [чаро ки] бе тардид, шайтон нисбат ба [Аллоҳи] Раҳмон нофармон буд
19:44 -
يَا أَبَتِ إِنِّي أَخَافُ أَنْ يَمَسَّكَ عَذَابٌ مِنَ الرَّحْمَٰنِ فَتَكُونَ لِلشَّيْطَانِ وَلِيًّا
Падарҷон, ман метарсам, ки аз [ҷониби Аллоҳи] Раҳмон азобе ба ту расад ва [дар дузах] аз дӯстон [ва ҳамнишинони] шайтон бошӣ»
19:45 -
قَالَ أَرَاغِبٌ أَنْتَ عَنْ آلِهَتِي يَا إِبْرَاهِيمُ ۖ لَئِنْ لَمْ تَنْتَهِ لَأَرْجُمَنَّكَ ۖ وَاهْجُرْنِي مَلِيًّا
[Озар] Гуфт: «Эй Иброҳим, оё аз маъбудҳои ман рӯйгардонӣ? Агар [аз ақидаат] даст барнадорӣ, ҳатман, сангсорат мекунам; [бирав] ва муддати зиёде аз ман дур шав»
19:46 -
قَالَ سَلَامٌ عَلَيْكَ ۖ سَأَسْتَغْفِرُ لَكَ رَبِّي ۖ إِنَّهُ كَانَ بِي حَفِيًّا
[Иброҳим] Гуфт: «Салом [ва амният аз ҷониби ман] бар ту. Ба зудӣ аз Парвардигорам бароят омурзиш хоҳам хост. Бе тардид, ӯ нисбат ба ман бисёр меҳрубон аст
19:47 -
وَأَعْتَزِلُكُمْ وَمَا تَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ وَأَدْعُو رَبِّي عَسَىٰ أَلَّا أَكُونَ بِدُعَاءِ رَبِّي شَقِيًّا
Ва аз шумо [кофирон] ва он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мехонед, канорагирӣ мекунам ва Парвардигорамро мехонам. Умед аст, ки дар хондани Парвардигорам [аз иҷобат] бебаҳра набошам»
19:48 -
فَلَمَّا اعْتَزَلَهُمْ وَمَا يَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ وَهَبْنَا لَهُ إِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ ۖ وَكُلًّا جَعَلْنَا نَبِيًّا
Пас, чун аз онон ва он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастиданд, канорагирӣ кард, Исҳоқ ва Яъқубро ба ӯ бахшидем ва ҳамаи [онон]-ро паёмбар намудем
19:49 -
وَوَهَبْنَا لَهُمْ مِنْ رَحْمَتِنَا وَجَعَلْنَا لَهُمْ لِسَانَ صِدْقٍ عَلِيًّا
Ва эшонро аз раҳмати хеш баҳраманд сохтем ва барояшон [дар миёни мардум овозаи баланд ва] номи наку ниҳодем
19:50
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»