Сура 19 Марям, оят 30 – 56
-
قَالَ إِنِّي عَبْدُ اللَّهِ آتَانِيَ الْكِتَابَ وَجَعَلَنِي نَبِيًّا
[Исо ба сухан омад ва] гуфт: «Ман бандаи Аллоҳ таоло ҳастам. Ӯ ба ман китоб дода ва маро паёмбар сохтааст
19:30 -
وَجَعَلَنِي مُبَارَكًا أَيْنَ مَا كُنْتُ وَأَوْصَانِي بِالصَّلَاةِ وَالزَّكَاةِ مَا دُمْتُ حَيًّا
Ва маро – ҳар ҷо ки бошам – пурбаракат намуда ва то зинда ҳастам, ба намозу закот супоришам кардааст
19:31 -
وَبَرًّا بِوَالِدَتِي وَلَمْ يَجْعَلْنِي جَبَّارًا شَقِيًّا
Ва нисбат ба модарам накукор [гардонида] ва маро [дар баробари Парвардигорам] саркаш [-у] нофармон қарор надодааст
19:32 -
وَالسَّلَامُ عَلَيَّ يَوْمَ وُلِدْتُ وَيَوْمَ أَمُوتُ وَيَوْمَ أُبْعَثُ حَيًّا
Ва салом бар ман рӯзе, ки мутаваллид шудам ва рӯзе, ки мемирам ва рӯзе, ки зинда барангехта мешавам»
19:33 -
ذَٰلِكَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ ۚ قَوْلَ الْحَقِّ الَّذِي فِيهِ يَمْتَرُونَ
Ин аст [ҳикояти] Исо писари Марям; [ҳамон] гуфтори росте, ки [гумроҳон] дар борааш тардид [ва ихтилоф] мекунанд
19:34 -
مَا كَانَ لِلَّهِ أَنْ يَتَّخِذَ مِنْ وَلَدٍ ۖ سُبْحَانَهُ ۚ إِذَا قَضَىٰ أَمْرًا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ
[Ҳаргиз] Сазовор нест, ки Аллоҳ таоло [барои хеш] фарзанде бигирад. Ӯ [поку] муназзаҳ аст. [Аллоҳ таоло] Ҳар гоҳ кореро ирода кунад, фақат ба он мегӯяд: «Мавҷуд шав»; пас [бедиранг] мавҷуд мешавад
19:35 -
وَإِنَّ اللَّهَ رَبِّي وَرَبُّكُمْ فَاعْبُدُوهُ ۚ هَٰذَا صِرَاطٌ مُسْتَقِيمٌ
Ва [Исо ба қавмаш гуфт] «Бе тардид, Аллоҳ таоло Парвардигори ман ва шумост; пас, ӯро парастед [ки] роҳи рост ин аст»
19:36 -
فَاخْتَلَفَ الْأَحْزَابُ مِنْ بَيْنِهِمْ ۖ فَوَيْلٌ لِلَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ مَشْهَدِ يَوْمٍ عَظِيمٍ
Он гоҳ гурӯҳҳо [-и мухталифи қавмаш] дар миёни худ дучори ихтилоф шуданд. Пас, вой бар онҳо, ки куфр варзиданд аз мушоҳидаи рӯзи бузург [қиёмат]!
19:37 -
أَسْمِعْ بِهِمْ وَأَبْصِرْ يَوْمَ يَأْتُونَنَا ۖ لَٰكِنِ الظَّالِمُونَ الْيَوْمَ فِي ضَلَالٍ مُبِينٍ
Он рӯз, ки назди мо меоянд, чи [хуб] шунаво ва бино ҳастанд! Аммо имрӯз [дар зиндагии дунё] ситамгорон дар гумроҳии ошкоранд
19:38 -
وَأَنْذِرْهُمْ يَوْمَ الْحَسْرَةِ إِذْ قُضِيَ الْأَمْرُ وَهُمْ فِي غَفْلَةٍ وَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ
Ва [эй паёмбар] ба онон дар бораи рӯзи [пушаймонӣ ва] ҳасрат ҳушдор бидеҳ; он гоҳ ки кори [доварӣ] анҷом мегирад; ва [имрӯз] онон дар ғафлатанд ва имон намеоваранд
19:39 -
إِنَّا نَحْنُ نَرِثُ الْأَرْضَ وَمَنْ عَلَيْهَا وَإِلَيْنَا يُرْجَعُونَ
Яқинан, Мо замин ва ҳар киро бар он аст, ба ирс мебарем ва [ҳама] ба сӯйи Мо бозгардонида шаванд
19:40 -
وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ إِبْرَاهِيمَ ۚ إِنَّهُ كَانَ صِدِّيقًا نَبِيًّا
Ва [эй Паёмбар] дар ин китоб аз Иброҳим ёд кун. Бе тардид, ӯ паёмбаре ростгӯ буд
19:41 -
إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ يَا أَبَتِ لِمَ تَعْبُدُ مَا لَا يَسْمَعُ وَلَا يُبْصِرُ وَلَا يُغْنِي عَنْكَ شَيْئًا
Ҳангоме ки ба падараш [Озар] гуфт: «Падарҷон, чаро чизеро парастиш мекунӣ, ки на [дуоятро] мешунавад ва на [ибодататро] мебинад ва на газандеро аз ту дур месозад?
19:42 -
يَا أَبَتِ إِنِّي قَدْ جَاءَنِي مِنَ الْعِلْمِ مَا لَمْ يَأْتِكَ فَاتَّبِعْنِي أَهْدِكَ صِرَاطًا سَوِيًّا
Падарҷон, яқинан, аз дониши [ваҳй] чизе ба ман расидааст, ки [ҳаргиз] ба ту нарасидааст; пас, аз ман пайравӣ кун, то ба роҳе рост ҳидоят кунам
19:43 -
يَا أَبَتِ لَا تَعْبُدِ الشَّيْطَانَ ۖ إِنَّ الشَّيْطَانَ كَانَ لِلرَّحْمَٰنِ عَصِيًّا
Падарҷон, аз шайтон пайравӣ накун, [чаро ки] бе тардид, шайтон нисбат ба [Аллоҳи] Раҳмон нофармон буд
19:44 -
يَا أَبَتِ إِنِّي أَخَافُ أَنْ يَمَسَّكَ عَذَابٌ مِنَ الرَّحْمَٰنِ فَتَكُونَ لِلشَّيْطَانِ وَلِيًّا
Падарҷон, ман метарсам, ки аз [ҷониби Аллоҳи] Раҳмон азобе ба ту расад ва [дар дузах] аз дӯстон [ва ҳамнишинони] шайтон бошӣ»
19:45 -
قَالَ أَرَاغِبٌ أَنْتَ عَنْ آلِهَتِي يَا إِبْرَاهِيمُ ۖ لَئِنْ لَمْ تَنْتَهِ لَأَرْجُمَنَّكَ ۖ وَاهْجُرْنِي مَلِيًّا
[Озар] Гуфт: «Эй Иброҳим, оё аз маъбудҳои ман рӯйгардонӣ? Агар [аз ақидаат] даст барнадорӣ, ҳатман, сангсорат мекунам; [бирав] ва муддати зиёде аз ман дур шав»
19:46 -
قَالَ سَلَامٌ عَلَيْكَ ۖ سَأَسْتَغْفِرُ لَكَ رَبِّي ۖ إِنَّهُ كَانَ بِي حَفِيًّا
[Иброҳим] Гуфт: «Салом [ва амният аз ҷониби ман] бар ту. Ба зудӣ аз Парвардигорам бароят омурзиш хоҳам хост. Бе тардид, ӯ нисбат ба ман бисёр меҳрубон аст
19:47 -
وَأَعْتَزِلُكُمْ وَمَا تَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ وَأَدْعُو رَبِّي عَسَىٰ أَلَّا أَكُونَ بِدُعَاءِ رَبِّي شَقِيًّا
Ва аз шумо [кофирон] ва он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мехонед, канорагирӣ мекунам ва Парвардигорамро мехонам. Умед аст, ки дар хондани Парвардигорам [аз иҷобат] бебаҳра набошам»
19:48 -
فَلَمَّا اعْتَزَلَهُمْ وَمَا يَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ وَهَبْنَا لَهُ إِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ ۖ وَكُلًّا جَعَلْنَا نَبِيًّا
Пас, чун аз онон ва он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастиданд, канорагирӣ кард, Исҳоқ ва Яъқубро ба ӯ бахшидем ва ҳамаи [онон]-ро паёмбар намудем
19:49 -
وَوَهَبْنَا لَهُمْ مِنْ رَحْمَتِنَا وَجَعَلْنَا لَهُمْ لِسَانَ صِدْقٍ عَلِيًّا
Ва эшонро аз раҳмати хеш баҳраманд сохтем ва барояшон [дар миёни мардум овозаи баланд ва] номи наку ниҳодем
19:50 -
وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ مُوسَىٰ ۚ إِنَّهُ كَانَ مُخْلَصًا وَكَانَ رَسُولًا نَبِيًّا
Ва дар ин китоб аз Мӯсо ёд кун. Бе тардид, ӯ [баргузидае] мухлис ва фиристодаву паёмбар буд
19:51 -
وَنَادَيْنَاهُ مِنْ جَانِبِ الطُّورِ الْأَيْمَنِ وَقَرَّبْنَاهُ نَجِيًّا
Ва [мо] ӯро аз самти рости [кӯҳи] Тӯр нидо додем ва муноҷоткунон [ба хеш] наздикаш сохтем
19:52 -
وَوَهَبْنَا لَهُ مِنْ رَحْمَتِنَا أَخَاهُ هَارُونَ نَبِيًّا
Ва аз раҳмати худ бародараш Ҳорунро – ки, паёмбар [ва ёвари ӯ] буд – ва ба вай ато кардем
19:53 -
وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ إِسْمَاعِيلَ ۚ إِنَّهُ كَانَ صَادِقَ الْوَعْدِ وَكَانَ رَسُولًا نَبِيًّا
Ва дар ин китоб аз Исмоил ёд кун. Бе тардид, ӯ ростваъда ва фиристодаву паёмбар буд
19:54 -
وَكَانَ يَأْمُرُ أَهْلَهُ بِالصَّلَاةِ وَالزَّكَاةِ وَكَانَ عِنْدَ رَبِّهِ مَرْضِيًّا
Ва [ҳамвора] хонаводаашро ба намозу закот фармон медод ва назди Парвардигораш писандида буд
19:55 -
وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ إِدْرِيسَ ۚ إِنَّهُ كَانَ صِدِّيقًا نَبِيًّا
Ва дар ин китоб аз Идрис ёд кун. Бе тардид, ӯ ростгуфтору паёмбаре буд
19:56
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»