Сура 19 Марям, оят 17 – 21

  1. فَاتَّخَذَتْ مِنْ دُونِهِمْ حِجَابًا فَأَرْسَلْنَا إِلَيْهَا رُوحَنَا فَتَمَثَّلَ لَهَا بَشَرًا سَوِيًّا

    Ва миёни худ ва онҳо пардае афканд [то хилватгоҳи ибодаташ бошад]. Он гоҳ [мо] Рӯҳи худ [Ҷабраил]-ро ба сӯяш фиристодем ва ба шакли инсоне хушандом бар вай намоён гашт.

    19:17
  2. قَالَتْ إِنِّي أَعُوذُ بِالرَّحْمَٰنِ مِنْكَ إِنْ كُنْتَ تَقِيًّا

    [Марям] Гуфт: «Ман аз [шарри] ту ба [Аллоҳи] Раҳмон паноҳ мебарам. Агар парҳезкорӣ [ба ман осеб нарасон]»

    19:18
  3. قَالَ إِنَّمَا أَنَا رَسُولُ رَبِّكِ لِأَهَبَ لَكِ غُلَامًا زَكِيًّا

    [Ҷабраил] гуфт: «Яқинан, ман фиристодаи Парвардигорат ҳастам, то ба ту писари покизае бахшам»

    19:19
  4. قَالَتْ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي غُلَامٌ وَلَمْ يَمْسَسْنِي بَشَرٌ وَلَمْ أَكُ بَغِيًّا

    [Марям] гуфт: «Чи гуна мумкин аст писаре дошта бошам; ҳол он ки дасти ҳеҷ инсоне ба ман нарасидааст ва бадкор [низ] набудаам?»

    19:20
  5. قَالَ كَذَٰلِكِ قَالَ رَبُّكِ هُوَ عَلَيَّ هَيِّنٌ ۖ وَلِنَجْعَلَهُ آيَةً لِلنَّاسِ وَرَحْمَةً مِنَّا ۚ وَكَانَ أَمْرًا مَقْضِيًّا

    [Ҷабраил] Гуфт: «[Дастур] чунин аст. Парвардигорат фармуд: «Ин [кор] бар ман осон аст ва ӯро барои мардум нишонае [аз қудрати хеш] қарор медиҳем ва [низ] раҳмате аз сӯйи Мост; ва ин [шеваи таваллуд] амре анҷомёфта [ва ҳатмӣ] аст»

    19:21

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»