Сура 19 Марям, оят 16 – 34

  1. وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ مَرْيَمَ إِذِ انْتَبَذَتْ مِنْ أَهْلِهَا مَكَانًا شَرْقِيًّا

    Ва дар [ин] китоб [Қуръон] аз Марям ёд кун, он гоҳ ки аз хонаводааш канора гирифт [ва дар] ноҳияи шарқӣ [аз онон] мустақар шуд.

    19:16
  2. فَاتَّخَذَتْ مِنْ دُونِهِمْ حِجَابًا فَأَرْسَلْنَا إِلَيْهَا رُوحَنَا فَتَمَثَّلَ لَهَا بَشَرًا سَوِيًّا

    Ва миёни худ ва онҳо пардае афканд [то хилватгоҳи ибодаташ бошад]. Он гоҳ [мо] Рӯҳи худ [Ҷабраил]-ро ба сӯяш фиристодем ва ба шакли инсоне хушандом бар вай намоён гашт.

    19:17
  3. قَالَتْ إِنِّي أَعُوذُ بِالرَّحْمَٰنِ مِنْكَ إِنْ كُنْتَ تَقِيًّا

    [Марям] Гуфт: «Ман аз [шарри] ту ба [Аллоҳи] Раҳмон паноҳ мебарам. Агар парҳезкорӣ [ба ман осеб нарасон]»

    19:18
  4. قَالَ إِنَّمَا أَنَا رَسُولُ رَبِّكِ لِأَهَبَ لَكِ غُلَامًا زَكِيًّا

    [Ҷабраил] гуфт: «Яқинан, ман фиристодаи Парвардигорат ҳастам, то ба ту писари покизае бахшам»

    19:19
  5. قَالَتْ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي غُلَامٌ وَلَمْ يَمْسَسْنِي بَشَرٌ وَلَمْ أَكُ بَغِيًّا

    [Марям] гуфт: «Чи гуна мумкин аст писаре дошта бошам; ҳол он ки дасти ҳеҷ инсоне ба ман нарасидааст ва бадкор [низ] набудаам?»

    19:20
  6. قَالَ كَذَٰلِكِ قَالَ رَبُّكِ هُوَ عَلَيَّ هَيِّنٌ ۖ وَلِنَجْعَلَهُ آيَةً لِلنَّاسِ وَرَحْمَةً مِنَّا ۚ وَكَانَ أَمْرًا مَقْضِيًّا

    [Ҷабраил] Гуфт: «[Дастур] чунин аст. Парвардигорат фармуд: «Ин [кор] бар ман осон аст ва ӯро барои мардум нишонае [аз қудрати хеш] қарор медиҳем ва [низ] раҳмате аз сӯйи Мост; ва ин [шеваи таваллуд] амре анҷомёфта [ва ҳатмӣ] аст»

    19:21
  7. فَحَمَلَتْهُ فَانْتَبَذَتْ بِهِ مَكَانًا قَصِيًّا

    Пас, [Марям] ба ӯ бордор шуд. Ва бо ӯ ба ҷойе дурдаст [рафт ва аз мардум] канора гирифт

    19:22
  8. فَأَجَاءَهَا الْمَخَاضُ إِلَىٰ جِذْعِ النَّخْلَةِ قَالَتْ يَا لَيْتَنِي مِتُّ قَبْلَ هَٰذَا وَكُنْتُ نَسْيًا مَنْسِيًّا

    Пас, дарди зойиш ӯро ба самти як танаи нахл кашонд [ва ӯ дар ҳоле ки дард мекашид] гуфт: «Эй кош, пеш аз ин мемурдам ва ба куллӣ аз ёдҳо мерафтам [то касе дар бораам хаёли ботил накунад]»

    19:23
  9. فَنَادَاهَا مِنْ تَحْتِهَا أَلَّا تَحْزَنِي قَدْ جَعَلَ رَبُّكِ تَحْتَكِ سَرِيًّا

    Ногаҳон аз зери [пойи] ӯ [Исо] нидояш дод, ки: «Ғамгин мабош. Парвардигорат зери [пойи] ту чашмаи обе равон сохтааст

    19:24
  10. وَهُزِّي إِلَيْكِ بِجِذْعِ النَّخْلَةِ تُسَاقِطْ عَلَيْكِ رُطَبًا جَنِيًّا

    Ва танаи нахлро ба тарафи худ такон бидеҳ, [то] рутаби тоза бар ту фурӯ резад

    19:25
  11. فَكُلِي وَاشْرَبِي وَقَرِّي عَيْنًا ۖ فَإِمَّا تَرَيِنَّ مِنَ الْبَشَرِ أَحَدًا فَقُولِي إِنِّي نَذَرْتُ لِلرَّحْمَٰنِ صَوْمًا فَلَنْ أُكَلِّمَ الْيَوْمَ إِنْسِيًّا

    Пас, [аз он хурмо] бихӯр ва [аз оби чашма] бинӯш ва дидагонро [ба ин фарзанд] равшан дор; ва агар ҳар як аз мардумро дидӣ, [бо ишора] бигӯ: «Ман барои [Аллоҳи] Раҳмон рӯзаи [cукут] назр кардам ва имрӯз бо ҳеҷ инсоне сухан нахоҳам гуфт»

    19:26
  12. فَأَتَتْ بِهِ قَوْمَهَا تَحْمِلُهُ ۖ قَالُوا يَا مَرْيَمُ لَقَدْ جِئْتِ شَيْئًا فَرِيًّا

    Пас, [Марям] дар ҳоле ки ӯ [Исо]-ро бардошта буд, назди қавмаш омад. Онон гуфтанд: «Эй Марям, ба ростӣ, дурӯғи бузурге мегӯӣ [ки навзод бидуни падар мутаваллид шудааст]

    19:27
  13. يَا أُخْتَ هَارُونَ مَا كَانَ أَبُوكِ امْرَأَ سَوْءٍ وَمَا كَانَتْ أُمُّكِ بَغِيًّا

    Эй хоҳари Ҳорун, на падарат марди бадкоре буд ва на модарат [зани] бадкорае»

    19:28
  14. فَأَشَارَتْ إِلَيْهِ ۖ قَالُوا كَيْفَ نُكَلِّمُ مَنْ كَانَ فِي الْمَهْدِ صَبِيًّا

    Пас, Марям ба ӯ [Исо] ишора кард. Онон гуфтанд: «Чи гуна бо кӯдаке дар гаҳвора сухан бигӯем?»

    19:29
  15. قَالَ إِنِّي عَبْدُ اللَّهِ آتَانِيَ الْكِتَابَ وَجَعَلَنِي نَبِيًّا

    [Исо ба сухан омад ва] гуфт: «Ман бандаи Аллоҳ таоло ҳастам. Ӯ ба ман китоб дода ва маро паёмбар сохтааст

    19:30
  16. وَجَعَلَنِي مُبَارَكًا أَيْنَ مَا كُنْتُ وَأَوْصَانِي بِالصَّلَاةِ وَالزَّكَاةِ مَا دُمْتُ حَيًّا

    Ва маро – ҳар ҷо ки бошам – пурбаракат намуда ва то зинда ҳастам, ба намозу закот супоришам кардааст

    19:31
  17. وَبَرًّا بِوَالِدَتِي وَلَمْ يَجْعَلْنِي جَبَّارًا شَقِيًّا

    Ва нисбат ба модарам накукор [гардонида] ва маро [дар баробари Парвардигорам] саркаш [-у] нофармон қарор надодааст

    19:32
  18. وَالسَّلَامُ عَلَيَّ يَوْمَ وُلِدْتُ وَيَوْمَ أَمُوتُ وَيَوْمَ أُبْعَثُ حَيًّا

    Ва салом бар ман рӯзе, ки мутаваллид шудам ва рӯзе, ки мемирам ва рӯзе, ки зинда барангехта мешавам»

    19:33
  19. ذَٰلِكَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ ۚ قَوْلَ الْحَقِّ الَّذِي فِيهِ يَمْتَرُونَ

    Ин аст [ҳикояти] Исо писари Марям; [ҳамон] гуфтори росте, ки [гумроҳон] дар борааш тардид [ва ихтилоф] мекунанд

    19:34

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»