Сура 19 Марям, оят 1 – 15

  1. كهيعص

    Коф, ҳо, ё, ъайн, сод.

    19:1
  2. ذِكْرُ رَحْمَتِ رَبِّكَ عَبْدَهُ زَكَرِيَّا

    [Ин] Баёни раҳмати Парвардигорат [нисбат] ба бандааш Закариёст

    19:2
  3. إِذْ نَادَىٰ رَبَّهُ نِدَاءً خَفِيًّا

    Он гоҳ ки Парвардигорашро ба нидое пинҳон [ба дуо] хонд

    19:3
  4. قَالَ رَبِّ إِنِّي وَهَنَ الْعَظْمُ مِنِّي وَاشْتَعَلَ الرَّأْسُ شَيْبًا وَلَمْ أَكُنْ بِدُعَائِكَ رَبِّ شَقِيًّا

    Гуфт: «Парвардигоро, ба ростӣ, ки устухонам суст шуда ва мӯйҳоям аз пирӣ сапед гашта ва эй Парвардигорам, [ҳаргиз] дар дуои ту [аз иҷобат] бебаҳра набудаам

    19:4
  5. وَإِنِّي خِفْتُ الْمَوَالِيَ مِنْ وَرَائِي وَكَانَتِ امْرَأَتِي عَاقِرًا فَهَبْ لِي مِنْ لَدُنْكَ وَلِيًّا

    Ва ман пас аз [марги] худ аз хешовандонам [нисбат ба ҳифзи дини Ту] бимнокам ва ҳамсарам [низ] нозост; пас, ба лутфи хеш фарзанде ба ман ато фармо

    19:5
  6. يَرِثُنِي وَيَرِثُ مِنْ آلِ يَعْقُوبَ ۖ وَاجْعَلْهُ رَبِّ رَضِيًّا

    [Писаре, ки] Вориси ману вориси хонадони Яъқуб бошад; ва Парвардигоро, ӯро [дар илму дин инсоне] писандида гардон»

    19:6
  7. يَا زَكَرِيَّا إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلَامٍ اسْمُهُ يَحْيَىٰ لَمْ نَجْعَلْ لَهُ مِنْ قَبْلُ سَمِيًّا

    [Аллоҳ таоло дуояшро иҷобат карду фармуд] «Эй Закариё, Мо туро ба [таваллуди] писаре башорат медиҳем, ки номаш Яҳё аст [ва] пеш аз ин ҳамноме барояш қарор надодаем»

    19:7
  8. قَالَ رَبِّ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي غُلَامٌ وَكَانَتِ امْرَأَتِي عَاقِرًا وَقَدْ بَلَغْتُ مِنَ الْكِبَرِ عِتِيًّا

    [Закариё] Гуфт: «Парвардигоро, чи гуна писаре хоҳам дошт, дар ҳоле ки ҳамсарам нозост ва ман [низ] аз шиддати пирӣ ба нотавонӣ расидаам?»

    19:8
  9. قَالَ كَذَٰلِكَ قَالَ رَبُّكَ هُوَ عَلَيَّ هَيِّنٌ وَقَدْ خَلَقْتُكَ مِنْ قَبْلُ وَلَمْ تَكُ شَيْئًا

    [Фаришта] Гуфт: «Ин гуна аст [ки ту мегӯӣ, вале] Парвардигорат фармудааст: «Ин [амр] барои Ман осон аст ва ба ростӣ, пеш аз ин [низ] туро офаридем, дар ҳоле ки чизе набудӣ»

    19:9
  10. قَالَ رَبِّ اجْعَلْ لِي آيَةً ۚ قَالَ آيَتُكَ أَلَّا تُكَلِّمَ النَّاسَ ثَلَاثَ لَيَالٍ سَوِيًّا

    [Закариё] Гуфт: «Парвардигоро, барои ман нишонае [бар таҳаққуқи ин башорат] қарор бидеҳ». [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Нишонаи ту ин аст, ки cе шабона [рӯз] дар ҳоле ки солим [ва тандуруст] ҳастӣ, бо мардум сухан намегӯӣ»

    19:10
  11. فَخَرَجَ عَلَىٰ قَوْمِهِ مِنَ الْمِحْرَابِ فَأَوْحَىٰ إِلَيْهِمْ أَنْ سَبِّحُوا بُكْرَةً وَعَشِيًّا

    Пас, ӯ аз меҳроб [ ҷойгоҳи ибодаташ] ба сӯйи қавмаш рафт ва ба онон ишора кард, ки: «бомдоду шомгоҳ [Парвардигорро] ба покӣ ёд кунед»

    19:11
  12. يَا يَحْيَىٰ خُذِ الْكِتَابَ بِقُوَّةٍ ۖ وَآتَيْنَاهُ الْحُكْمَ صَبِيًّا

    [Аллоҳ таоло фармуд] «Эй Яҳё, китоби [Таврот]-ро бо қувват [ва ҷиддият] бигир» ва дар кӯдакӣ ба ӯ дониш [ва ҳикмат] додем

    19:12
  13. وَحَنَانًا مِنْ لَدُنَّا وَزَكَاةً ۖ وَكَانَ تَقِيًّا

    Ва аз ҷониби хеш [ба ӯ] муҳаббату покӣ [аз гуноҳон ато кардем] ва ӯ парҳезкор буд

    19:13
  14. وَبَرًّا بِوَالِدَيْهِ وَلَمْ يَكُنْ جَبَّارًا عَصِيًّا

    Ва нисбат ба падару модараш накукор буд ва саркаш [-у] нофармон набуд

    19:14
  15. وَسَلَامٌ عَلَيْهِ يَوْمَ وُلِدَ وَيَوْمَ يَمُوتُ وَيَوْمَ يُبْعَثُ حَيًّا

    Ва салом [ва амнияти Аллоҳ таоло] бар ӯ бод, рӯзе, ки мутаваллид шуд ва рӯзе, ки мемирад ва рӯзе, ки зинда барангехта мешавад

    19:15

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»