Сура 18 Ал-Қаҳф (Ғор), оят 83 – 102
-
وَيَسْأَلُونَكَ عَنْ ذِي الْقَرْنَيْنِ ۖ قُلْ سَأَتْلُو عَلَيْكُمْ مِنْهُ ذِكْرًا
Ва [эй Паёмбар, мушрикону яҳудиён] дар бораи «Зу-л-қарнайн» аз ту мепурсанд; бигӯ: «Ба зудӣ чизе аз саргузашти ӯ бароятон хоҳам хонд»
18:83 -
إِنَّا مَكَّنَّا لَهُ فِي الْأَرْضِ وَآتَيْنَاهُ مِنْ كُلِّ شَيْءٍ سَبَبًا
Мо дар замин ба ӯ қудрату ҳукумат додем ва василаи [расидан ба] ҳар чизеро дар ихтиёраш ниҳодем
18:84 -
فَأَتْبَعَ سَبَبًا
Пас, ӯ [аз ин] васоил [барои расидан ба аҳдофаш] истифода кард
18:85 -
حَتَّىٰ إِذَا بَلَغَ مَغْرِبَ الشَّمْسِ وَجَدَهَا تَغْرُبُ فِي عَيْنٍ حَمِئَةٍ وَوَجَدَ عِنْدَهَا قَوْمًا ۗ قُلْنَا يَا ذَا الْقَرْنَيْنِ إِمَّا أَنْ تُعَذِّبَ وَإِمَّا أَنْ تَتَّخِذَ فِيهِمْ حُسْنًا
[Рӯзе дар замин ба роҳ афтод] То ба маҳалли ғуруби хуршед расид. [Чунин ба назараш расид] Ки хуршед дар чашмае гарм ва гилолуд ғуруб мекунад ва дар [наздикии он ҷо қавме [кофир]] ёфт. [Ба ӯ] Гуфтем: «Эй Зулқарнайн, ё [ононро] муҷозот мекунӣ ё дар миёнашон [рафтори] накуе пеш мегирӣ»
18:86 -
قَالَ أَمَّا مَنْ ظَلَمَ فَسَوْفَ نُعَذِّبُهُ ثُمَّ يُرَدُّ إِلَىٰ رَبِّهِ فَيُعَذِّبُهُ عَذَابًا نُكْرًا
[Зулқарнайн] Гуфт: «Аммо касеро, ки ситам карда [ва ширк варзида] аст, муҷозот хоҳем кард, сипас ба сӯйи Парвардигораш бозгардонида мешавад, он гоҳ ӯро ба азобе бисёр сахт муҷозот хоҳад кард
18:87 -
وَأَمَّا مَنْ آمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا فَلَهُ جَزَاءً الْحُسْنَىٰ ۖ وَسَنَقُولُ لَهُ مِنْ أَمْرِنَا يُسْرًا
Ва аммо касе, ки имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, пас, [дар охират] накутарин подош [биҳишт]-ро хоҳад дошт ва бо мулоимат [ва меҳрубонӣ] бо вай сухан хоҳем гуфт»
18:88 -
ثُمَّ أَتْبَعَ سَبَبًا
Сипас [Зулқарнайн] аз васоили [худ] истифода кард [ва ба сӯйи машриқ рафт]
18:89 -
حَتَّىٰ إِذَا بَلَغَ مَطْلِعَ الشَّمْسِ وَجَدَهَا تَطْلُعُ عَلَىٰ قَوْمٍ لَمْ نَجْعَلْ لَهُمْ مِنْ دُونِهَا سِتْرًا
То он ки ба ҷойгоҳи баромадани хуршед расид. [Дар он ҷо хуршедро] Дид, ки бар мардумоне тулуъ мекунад, ки дар баробари он [нуру гармои офтоб] барояшон пӯшише қарор надода будем [на сарпаноҳе на сояи дарахте]
18:90 -
كَذَٰلِكَ وَقَدْ أَحَطْنَا بِمَا لَدَيْهِ خُبْرًا
[Кори Зулқарнайн] Инчунин, буд ва Мо ба он чи ӯ дар ихтиёр дошт [ва анҷом медод], комилан огоҳ будем
18:91 -
ثُمَّ أَتْبَعَ سَبَبًا
Сипас [Зулқарнайн] аз имконот [-и худ] истифода кард [ва ба ҷойе байни шарқу ғарб рафт]
18:92 -
حَتَّىٰ إِذَا بَلَغَ بَيْنَ السَّدَّيْنِ وَجَدَ مِنْ دُونِهِمَا قَوْمًا لَا يَكَادُونَ يَفْقَهُونَ قَوْلًا
[Ӯ ҳамчунон рафт] То ба [дарае] миёни ду кӯҳ расид ва дар канори он ду [кӯҳ] мардумеро ёфт, ки сухане [ба ҷуз забони худро] намефаҳмиданд
18:93 -
قَالُوا يَا ذَا الْقَرْنَيْنِ إِنَّ يَأْجُوجَ وَمَأْجُوجَ مُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ فَهَلْ نَجْعَلُ لَكَ خَرْجًا عَلَىٰ أَنْ تَجْعَلَ بَيْنَنَا وَبَيْنَهُمْ سَدًّا
[Онон] Гуфтанд: «Эй Зулқарнайн, Яъҷуҷу Маъҷуҷ дар ин сарзамин [табаҳкорӣ ва] фасод мекунанд. Пас, оё [мумкин аст] харҷе дар ихтиёр қарор диҳем, то миёни мо ва онон садде бисозӣ?»
18:94 -
قَالَ مَا مَكَّنِّي فِيهِ رَبِّي خَيْرٌ فَأَعِينُونِي بِقُوَّةٍ أَجْعَلْ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُمْ رَدْمًا
Ӯ гуфт: «Он чи [аз қудрату сарват] ки Парвардигорам дар он ба ман тавоноӣ додааст [аз он чи арза мекунед], беҳтар аст; пас, маро бо неру [-и инсонӣ] ёрӣ кунед, [то] миёни шумо ва онон садде муҳками устувор созем
18:95 -
آتُونِي زُبَرَ الْحَدِيدِ ۖ حَتَّىٰ إِذَا سَاوَىٰ بَيْنَ الصَّدَفَيْنِ قَالَ انْفُخُوا ۖ حَتَّىٰ إِذَا جَعَلَهُ نَارًا قَالَ آتُونِي أُفْرِغْ عَلَيْهِ قِطْرًا
Ҳатман, пораҳои оҳан бароям биёваред [ва рӯйи ҳам бичинед]», то вақте комилан миёни ду кӯҳро баробар сохт [ва пӯшонд. Сипас] гуфт: «[Дар атрофи девораи оҳанин оташ бияфрӯзед ва] дар он бидамед». [Онон чунин карданд] То вақте он [пораҳои оҳан]-ро гудохта кард; [сипас] гуфт: «[Акнун] миси обшуда бароям биёваред, то рӯйи он [девор] бирезам».
18:96 -
فَمَا اسْطَاعُوا أَنْ يَظْهَرُوهُ وَمَا اسْتَطَاعُوا لَهُ نَقْبًا
Пас, [Яъҷуҷу Маъҷуҷ] дигар натавонистанд аз он боло раванд ва [ҳатто] натавонистанд сӯрохе дар он эҷод кунанд
18:97 -
قَالَ هَٰذَا رَحْمَةٌ مِنْ رَبِّي ۖ فَإِذَا جَاءَ وَعْدُ رَبِّي جَعَلَهُ دَكَّاءَ ۖ وَكَانَ وَعْدُ رَبِّي حَقًّا
[Он гоҳ Зулқарнайн] Гуфт: «Ин [сад] аз раҳмати Парвардигори ман аст [ва то Аллоҳ таоло бихоҳад, боқӣ мемонад]; аммо ҳангоме ки ваъдаи Парвардигорам фаро расад, онро дарҳам мекӯбад ва ваъдаи Парвардигорам ҳақ аст»
18:98 -
وَتَرَكْنَا بَعْضَهُمْ يَوْمَئِذٍ يَمُوجُ فِي بَعْضٍ ۖ وَنُفِخَ فِي الصُّورِ فَجَمَعْنَاهُمْ جَمْعًا
Ва дар он рӯз [ки ҷаҳон поён мепазирад] ононро [чунон] раҳо мекунем, ки [аз фаровонии ҷамъият] дар ҳам меомезанд ва [ҳамин, ки] дар сур дамида шуд, ҳамаро [дар як ҷо] ҷамъ мекунем
18:99 -
وَعَرَضْنَا جَهَنَّمَ يَوْمَئِذٍ لِلْكَافِرِينَ عَرْضًا
Ва он рӯз дузахро ошкоро бар кофирон арза медорем
18:100 -
الَّذِينَ كَانَتْ أَعْيُنُهُمْ فِي غِطَاءٍ عَنْ ذِكْرِي وَكَانُوا لَا يَسْتَطِيعُونَ سَمْعًا
[Ҳамон] Касоне, ки чашмонашон аз ёди ман дар парда [-и ғафлат] буд ва тавони шунидан [-и оёти илоҳиро] надоштанд
18:101 -
أَفَحَسِبَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَنْ يَتَّخِذُوا عِبَادِي مِنْ دُونِي أَوْلِيَاءَ ۚ إِنَّا أَعْتَدْنَا جَهَنَّمَ لِلْكَافِرِينَ نُزُلًا
Оё касоне, ки куфр варзиданд, пиндоштаанд, ки [метавонанд] ба ҷойи ман бандагонамро корсоз [ва дӯсти худ] бигиранд? Бе тардид, Мо дузахро барои кофирон ҷойгоҳи пазироӣ сохтаем
18:102
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»