Сура 18 Ал-Қаҳф (Ғор), оят 60 – 70
-
وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِفَتَاهُ لَا أَبْرَحُ حَتَّىٰ أَبْلُغَ مَجْمَعَ الْبَحْرَيْنِ أَوْ أَمْضِيَ حُقُبًا
[Ёд кун аз] Ҳангоме ки Мӯсо ба [хидматкори] ҷавони худ [Юшаъ ибни Нун] гуфт: «Ҳамчунон хоҳам рафт, то ба маҳалли бархурди ду дарё бирасам ё барои муддати тулонӣ роҳ бипаймоям [то бандаи дурусткоре биёбам ва нодонистаҳоямро аз ӯ биёмӯзам]»
18:60 -
فَلَمَّا بَلَغَا مَجْمَعَ بَيْنِهِمَا نَسِيَا حُوتَهُمَا فَاتَّخَذَ سَبِيلَهُ فِي الْبَحْرِ سَرَبًا
Пас, чун ба маҳалли бархурди ду дарё расиданд, моҳии худро [ки барои хӯрдан ҳамроҳ доштанд] фаромӯш карданд [пас, Аллоҳ таоло онро зинда кард ва ба об андохт] ва моҳӣ роҳи худро дар дарё пеш гирифт
18:61 -
فَلَمَّا جَاوَزَا قَالَ لِفَتَاهُ آتِنَا غَدَاءَنَا لَقَدْ لَقِينَا مِنْ سَفَرِنَا هَٰذَا نَصَبًا
Пас, ҳангоме ки [ба роҳ афтоданд ва аз он ҷо] гузаштанд, [Мӯсо] ба [хидматкори] ҷавони худ гуфт: «Ғизоямонро биёвар, ки аз ин сафар бисёр хаста шудаем»
18:62 -
قَالَ أَرَأَيْتَ إِذْ أَوَيْنَا إِلَى الصَّخْرَةِ فَإِنِّي نَسِيتُ الْحُوتَ وَمَا أَنْسَانِيهُ إِلَّا الشَّيْطَانُ أَنْ أَذْكُرَهُ ۚ وَاتَّخَذَ سَبِيلَهُ فِي الْبَحْرِ عَجَبًا
[Юшаъ] Гуфт: «Ба ёд дорӣ, ҳангоме ки [барои истироҳат] ба канори он тахтасанг ҷой гирифтем, ман [дар он ҷо достони зинда шудани] моҳиро фаромӯш кардам [ки бо ту бигӯям] ва ҷуз шайтон [касе] маро аз ёдоварии он [достон] ба фаромӯшӣ наандохт ва моҳӣ ба тарзе шигифтовар роҳашро дар дарё пеш гирифт»
18:63 -
قَالَ ذَٰلِكَ مَا كُنَّا نَبْغِ ۚ فَارْتَدَّا عَلَىٰ آثَارِهِمَا قَصَصًا
[Мӯсо] Гуфт: «Он ҳамон чизест, ки мехостем [ва ҷойгоҳи он бандаи накукор ҳамон ҷост]». Пас, ҷустуҷӯкунон пайи пои худро гирифтанд [ва аз ҳамон роҳ] бозгаштанд
18:64 -
فَوَجَدَا عَبْدًا مِنْ عِبَادِنَا آتَيْنَاهُ رَحْمَةً مِنْ عِنْدِنَا وَعَلَّمْنَاهُ مِنْ لَدُنَّا عِلْمًا
Пас, [дар он ҷо] бандае аз бандагони мо [Хизр]-ро ёфтанд, ки аз ҷониби хеш ба ӯ раҳмате дода будем ва аз назди худ ба вай донише омӯхта будем
18:65 -
قَالَ لَهُ مُوسَىٰ هَلْ أَتَّبِعُكَ عَلَىٰ أَنْ تُعَلِّمَنِ مِمَّا عُلِّمْتَ رُشْدًا
Мӯсо ба ӯ гуфт: «Оё [иҷозат медиҳӣ] ҳамроҳат биёям, то аз он чи ба ту омӯхта шуда ва мояи ҳидояту иршод аст ба ман биёмӯзӣ?»
18:66 -
قَالَ إِنَّكَ لَنْ تَسْتَطِيعَ مَعِيَ صَبْرًا
[Хизр] Гуфт: «Ту ҳаргиз наметавонӣ, [дар итоат ва ҳамроҳӣ] ҳамроҳи ман шикебоӣ кунӣ
18:67 -
وَكَيْفَ تَصْبِرُ عَلَىٰ مَا لَمْ تُحِطْ بِهِ خُبْرًا
Ва чи гуна бар [анҷоми] коре, ки ба [рози] он огоҳ нестӣ, шикебоӣ мекунӣ?»
18:68 -
قَالَ سَتَجِدُنِي إِنْ شَاءَ اللَّهُ صَابِرًا وَلَا أَعْصِي لَكَ أَمْرًا
[Мӯсо] Гуфт: «Иншоаллоҳ шикебо хоҳам буд ва дар ҳеҷ коре аз ту нофармонӣ намекунам»
18:69 -
قَالَ فَإِنِ اتَّبَعْتَنِي فَلَا تَسْأَلْنِي عَنْ شَيْءٍ حَتَّىٰ أُحْدِثَ لَكَ مِنْهُ ذِكْرًا
[Хизр] Гуфт: «Пас, агар бо ман ҳамроҳ шудӣ, дар бораи ҳеҷ чиз аз ман суол накун, то худ бо ту дар борааш сухане бигӯям»
18:70
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»