Сура 18 Ал-Қаҳф (Ғор), оят 45 – 49

  1. وَاضْرِبْ لَهُمْ مَثَلَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا كَمَاءٍ أَنْزَلْنَاهُ مِنَ السَّمَاءِ فَاخْتَلَطَ بِهِ نَبَاتُ الْأَرْضِ فَأَصْبَحَ هَشِيمًا تَذْرُوهُ الرِّيَاحُ ۗ وَكَانَ اللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ مُقْتَدِرًا

    Ва [эй Паёмбар, фанопазирии] зиндагии дунёро ба обе масал бизан, ки аз осмон фурӯ фиристодем ва ба василаи он гиёҳи замин [сарсабз шуд ва] дар ҳам омехт; сипас [чунон] хушку шикаста шуд, ки бодҳо [ба ҳар сӯ] парокандааш мегардонад; ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност

    18:45
  2. الْمَالُ وَالْبَنُونَ زِينَةُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۖ وَالْبَاقِيَاتُ الصَّالِحَاتُ خَيْرٌ عِنْدَ رَبِّكَ ثَوَابًا وَخَيْرٌ أَمَلًا

    Молу фарзандон зинати зиндагии дунёст ва некиҳои пойдор [рафтору гуфтори шоиста] назди Парвардигорат подошаш беҳтар аст, умед доштан [ба савобаш] накутар

    18:46
  3. وَيَوْمَ نُسَيِّرُ الْجِبَالَ وَتَرَى الْأَرْضَ بَارِزَةً وَحَشَرْنَاهُمْ فَلَمْ نُغَادِرْ مِنْهُمْ أَحَدًا

    Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки кӯҳҳоро ба ҳаракат дармеоварем ва заминро ошкор [ва ҳамвор] мебинӣ ва ҳама [махлуқот]-ро ҷамъ мекунем ва ҳеҷ як аз ононро [ба ҳоли худ] раҳо намекунем

    18:47
  4. وَعُرِضُوا عَلَىٰ رَبِّكَ صَفًّا لَقَدْ جِئْتُمُونَا كَمَا خَلَقْنَاكُمْ أَوَّلَ مَرَّةٍ ۚ بَلْ زَعَمْتُمْ أَلَّنْ نَجْعَلَ لَكُمْ مَوْعِدًا

    Ва [ҳамагӣ] сафкашида бар Парвардигорат арза мешаванд [ва ба онон мегӯянд:] «Бе тардид, чунон ки нахустин бор шуморо офаридем, [имрӯз низ танҳо ва побараҳна] назди Мо омадед; балки мепиндоштед, ки ҳаргиз ваъдагоҳе бароятон қарор намедиҳем»

    18:48
  5. وَوُضِعَ الْكِتَابُ فَتَرَى الْمُجْرِمِينَ مُشْفِقِينَ مِمَّا فِيهِ وَيَقُولُونَ يَا وَيْلَتَنَا مَالِ هَٰذَا الْكِتَابِ لَا يُغَادِرُ صَغِيرَةً وَلَا كَبِيرَةً إِلَّا أَحْصَاهَا ۚ وَوَجَدُوا مَا عَمِلُوا حَاضِرًا ۗ وَلَا يَظْلِمُ رَبُّكَ أَحَدًا

    Ва нома [-и аъмол дар миён] ниҳода мешавад; пас, гунаҳкоронро мебинӣ, ки аз он чи дар он [нома] аст, тарсон ва нигаронанд ва мегӯянд: «Эй вой бар мо! Ин чи номае аст, ки ҳеҷ [гуфтору рафтори] кучак ва бузургро раҳо накардааст, магар ин ки онро дар шумор овардааст?» Ва ҳар чи кардаанд, ҳозир меёбанд ва Парвардигорат ба ҳеҷ касе ситам намекунад

    18:49

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»