Сура 18 Ал-Қаҳф (Ғор), оят 23 – 31
-
وَلَا تَقُولَنَّ لِشَيْءٍ إِنِّي فَاعِلٌ ذَٰلِكَ غَدًا
Ва ҳаргиз дар мавриди коре нагӯ: «Фардо онро анҷом медиҳам»
18:23 -
إِلَّا أَنْ يَشَاءَ اللَّهُ ۚ وَاذْكُرْ رَبَّكَ إِذَا نَسِيتَ وَقُلْ عَسَىٰ أَنْ يَهْدِيَنِ رَبِّي لِأَقْرَبَ مِنْ هَٰذَا رَشَدًا
Магар ин ки [бигӯӣ] «Иншоаллоҳ»; ва ҳар гоҳ фаромӯш кардӣ, [бо гуфтани ин лафз] Парвардигоратро ёд кун ва бигӯ: «Умедворам Парвардигорам маро ба роҳе раҳнамун гардад, ки аз ин [роҳ] ба ҳидоят [ва салоҳ] наздиктар бошад»
18:24 -
وَلَبِثُوا فِي كَهْفِهِمْ ثَلَاثَ مِائَةٍ سِنِينَ وَازْدَادُوا تِسْعًا
Ва онон [асҳоби Каҳф] сесад сол дар ғорашон [дар ҳолати хоб] монданд ва нуҳ сол [низ] бар он афзуданд
18:25 -
قُلِ اللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا لَبِثُوا ۖ لَهُ غَيْبُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ أَبْصِرْ بِهِ وَأَسْمِعْ ۚ مَا لَهُمْ مِنْ دُونِهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا يُشْرِكُ فِي حُكْمِهِ أَحَدًا
[Эй паёмбар] Бигӯ: «Аллоҳ таоло аз [муддати] монданашон [дар ғор] огоҳтар аст; ғайби осмонҳо ва замин аз они Ӯст. [Ба ростӣ, ки] Ӯ чи бино ва чи шунаво аст! Онон [ҷаҳониён] ба ҷуз Ӯ ҳеҷ [дӯсту] корсозе надоранд ва Ӯ ҳеҷ касро дар ҳукм [-у фармон]-и хеш шарик намесозад»
18:26 -
وَاتْلُ مَا أُوحِيَ إِلَيْكَ مِنْ كِتَابِ رَبِّكَ ۖ لَا مُبَدِّلَ لِكَلِمَاتِهِ وَلَنْ تَجِدَ مِنْ دُونِهِ مُلْتَحَدًا
Ва [эй паёмбар] аз китоби Парвардигорат он чиро ба ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Ҳеҷ кас тағйирдиҳандаи суханони Ӯ [Аллоҳ таоло] нест ва ҳаргиз паноҳгоҳе ҷуз Ӯ намеёбӣ
18:27 -
وَاصْبِرْ نَفْسَكَ مَعَ الَّذِينَ يَدْعُونَ رَبَّهُمْ بِالْغَدَاةِ وَالْعَشِيِّ يُرِيدُونَ وَجْهَهُ ۖ وَلَا تَعْدُ عَيْنَاكَ عَنْهُمْ تُرِيدُ زِينَةَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۖ وَلَا تُطِعْ مَنْ أَغْفَلْنَا قَلْبَهُ عَنْ ذِكْرِنَا وَاتَّبَعَ هَوَاهُ وَكَانَ أَمْرُهُ فُرُطًا
Ва худро [бар мусоҳибат] бо касоне ҳамроҳ [ва шикебо] гардон, ки Парвардигорашонро бомдод ва шомгоҳ мехонанд [ва бо он ки фақиранд, танҳо] ризояти Ӯро мехоҳанд; ва ҳаргиз чашмонатро аз онон барнагардон, то зеварҳои дунё [ва ҳамнишинӣ бо ашроф ва қудратмандон]-ро бихоҳӣ ва [ҳамчунин] аз касе пайравӣ накун, ки дилашро аз ёди хеш ғофил сохтаем ва аз ҳавои нафси хеш пайравӣ карда ва кораш табоҳ аст
18:28 -
وَقُلِ الْحَقُّ مِنْ رَبِّكُمْ ۖ فَمَنْ شَاءَ فَلْيُؤْمِنْ وَمَنْ شَاءَ فَلْيَكْفُرْ ۚ إِنَّا أَعْتَدْنَا لِلظَّالِمِينَ نَارًا أَحَاطَ بِهِمْ سُرَادِقُهَا ۚ وَإِنْ يَسْتَغِيثُوا يُغَاثُوا بِمَاءٍ كَالْمُهْلِ يَشْوِي الْوُجُوهَ ۚ بِئْسَ الشَّرَابُ وَسَاءَتْ مُرْتَفَقًا
[Эй паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «[Ин Қуръон сухани] Ҳақ аст аз ҷониби Парвардигоратон; пас, ҳар ки мехоҳад, имон оварад ва ҳар ки мехоҳад, кофир шавад». Мо барои ситамгорон оташе омода кардаем, ки саропардаҳояш ононро аз ҳар сӯ фаро мегирад; ва агар [дар талаби об] фарёдрасе биҷӯянд, бо обе ҳамчун миси гудохта ба фарёдашон мерасанд; [обе, ки ҳарораташ] чеҳраҳоро бирён мекунад. Чи бад нушиданӣ ва чи бад ҷойгаҳе аст!
18:29 -
إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ إِنَّا لَا نُضِيعُ أَجْرَ مَنْ أَحْسَنَ عَمَلًا
Касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом додаанд [ба яқин, бидонанд, ки] Мо подоши касеро, ки кори накӯ карда бошад, ҳаргиз табоҳ намекунем
18:30 -
أُولَٰئِكَ لَهُمْ جَنَّاتُ عَدْنٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهِمُ الْأَنْهَارُ يُحَلَّوْنَ فِيهَا مِنْ أَسَاوِرَ مِنْ ذَهَبٍ وَيَلْبَسُونَ ثِيَابًا خُضْرًا مِنْ سُنْدُسٍ وَإِسْتَبْرَقٍ مُتَّكِئِينَ فِيهَا عَلَى الْأَرَائِكِ ۚ نِعْمَ الثَّوَابُ وَحَسُنَتْ مُرْتَفَقًا
Ононанд, ки биҳиштҳои ҷовидонӣ доранд, ки [аз зери дарахтони] онҳо ҷӯйборҳо ҷорӣ аст. Дар он ҷо бо дастбандҳои заррин ороста мешаванд ва ҷомаҳои [фохири] сабзранг аз ҳарири нозук ва ҳарири захим бар тан мекунанд, дар ҳоле ки бар тахтҳо такя задаанд. Чи подоши шоиста ва чи наку ҷойгоҳе аст!
18:31
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»