Сура 18 Ал-Қаҳф (Ғор), оят 102 – 110
-
أَفَحَسِبَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَنْ يَتَّخِذُوا عِبَادِي مِنْ دُونِي أَوْلِيَاءَ ۚ إِنَّا أَعْتَدْنَا جَهَنَّمَ لِلْكَافِرِينَ نُزُلًا
Оё касоне, ки куфр варзиданд, пиндоштаанд, ки [метавонанд] ба ҷойи ман бандагонамро корсоз [ва дӯсти худ] бигиранд? Бе тардид, Мо дузахро барои кофирон ҷойгоҳи пазироӣ сохтаем
18:102 -
قُلْ هَلْ نُنَبِّئُكُمْ بِالْأَخْسَرِينَ أَعْمَالًا
[Эй Паёмбар] Бигӯ: «[Мехоҳед] Шуморо аз зиёнкортарин [мардум] дар корҳо огоҳ созам?
18:103 -
الَّذِينَ ضَلَّ سَعْيُهُمْ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَهُمْ يَحْسَبُونَ أَنَّهُمْ يُحْسِنُونَ صُنْعًا
Касоне, ки талошашон дар зиндагии дунё табоҳ гаштааст ва худ мепиндорад, ки кори наку мекунанд»
18:104 -
أُولَٰئِكَ الَّذِينَ كَفَرُوا بِآيَاتِ رَبِّهِمْ وَلِقَائِهِ فَحَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فَلَا نُقِيمُ لَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَزْنًا
Онон касоне ҳастанд, ки ба оёти Парвардигорашон ва дидори Ӯ [дар охират] кофир шуданд; пас, корҳояшон табоҳ гашт ва рӯзи қиёмат барояшон [ҳеҷ қадру] арзише қоил намешавем
18:105 -
ذَٰلِكَ جَزَاؤُهُمْ جَهَنَّمُ بِمَا كَفَرُوا وَاتَّخَذُوا آيَاتِي وَرُسُلِي هُزُوًا
Инчунин аст, ки ба хотири куфре, ки варзидаанд ва оёту паёмбарони Маро ба тамасхур гирифтаанд подошашон дузах аст
18:106 -
إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ كَانَتْ لَهُمْ جَنَّاتُ الْفِرْدَوْسِ نُزُلًا
Бе тардид, касоне, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста анҷом додаанд, боғҳои [биҳишти] барин манзилгоҳашон хоҳад буд
18:107 -
خَالِدِينَ فِيهَا لَا يَبْغُونَ عَنْهَا حِوَلًا
Ҷовидона дар он хоҳанд монд ва ҳаргиз аз он ҷо ба ҷойи дигаре гароиш надоранд
18:108 -
قُلْ لَوْ كَانَ الْبَحْرُ مِدَادًا لِكَلِمَاتِ رَبِّي لَنَفِدَ الْبَحْرُ قَبْلَ أَنْ تَنْفَدَ كَلِمَاتُ رَبِّي وَلَوْ جِئْنَا بِمِثْلِهِ مَدَدًا
[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар дарё барои [нигориши] калимоти Парвардигорам ранг шавад, пеш аз он ки калимоти Парвардигорам поён ёбад, ҳатман, дарё ба поён мерасад; ҳарчанд [дарёҳое дигар] ҳаммонанди он [дарёро низ] ба кумак биёварем»
18:109 -
قُلْ إِنَّمَا أَنَا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ يُوحَىٰ إِلَيَّ أَنَّمَا إِلَٰهُكُمْ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ ۖ فَمَنْ كَانَ يَرْجُو لِقَاءَ رَبِّهِ فَلْيَعْمَلْ عَمَلًا صَالِحًا وَلَا يُشْرِكْ بِعِبَادَةِ رَبِّهِ أَحَدًا
[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ман фақат башаре [одӣ] ҳамчун шумо ҳастам. Ба ман ваҳй мешавад, ки танҳо маъбудатон Аллоҳ таоло яктост; пас, ҳар ки ба дидори Парвардигораш [дар охират] умед дорад, бояд кори шоиста анҷом диҳад ва ҳеҷ касро дар парастиши Парвардигораш шарик насозад»
18:110
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»