Сура 17 Ал-Исро (Исро)
-
انْظُرْ كَيْفَ فَضَّلْنَا بَعْضَهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ ۚ وَلَلْآخِرَةُ أَكْبَرُ دَرَجَاتٍ وَأَكْبَرُ تَفْضِيلًا
Бингар, ки чигуна бархе аз ононро [аз лиҳози молу мақом] бар бархи дигар бартарӣ додаем ва қатъан охират [дар муқоиса бо дунё] аз назари дараҷот, бузургтар ва аз лиҳози фазилат, бартар аст [пас муъмин бояд ба он иштиёқ варзад]
17:21 -
لَا تَجْعَلْ مَعَ اللَّهِ إِلَٰهًا آخَرَ فَتَقْعُدَ مَذْمُومًا مَخْذُولًا
[Эй инсон, ҳаргиз ҳеҷ] Маъбуди дигареро бо Аллоҳ таоло [шарик] қарор надеҳ, ки накуҳида ва беёвар хоҳӣ монд
17:22 -
وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا ۚ إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِنْدَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُلْ لَهُمَا أُفٍّ وَلَا تَنْهَرْهُمَا وَقُلْ لَهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا
Ва Парвардигорат чунин фармон додааст, ки: «Ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳар дуи онҳо дар канори ту ба синни пирӣ расиданд, [ҳатто] ба онҳо уфф магӯ ва бар сарашон фарёд назан ва бо онон ба некӣ [ва меҳрубонӣ] сухан бигӯ
17:23 -
وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ وَقُلْ رَبِّ ارْحَمْهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرًا
Ва аз рӯйи меҳрубонӣ боли фурӯтанӣ ва тавозуатро барояшон фуруд ор ва бигӯ: «Парвардигоро, ҳамон гуна ки [бар ман раҳмат оварданд ва] дар кӯдакӣ парваришам доданд, [Ту низ] ба онон раҳмат овар»
17:24 -
رَبُّكُمْ أَعْلَمُ بِمَا فِي نُفُوسِكُمْ ۚ إِنْ تَكُونُوا صَالِحِينَ فَإِنَّهُ كَانَ لِلْأَوَّابِينَ غَفُورًا
Парвардигори шумо ба он чи дар дилҳоятон аст, огоҳтар аст. Агар шоиста бошед, яқинан Ӯ дар ҳаққи тавбакорон омурзанда аст
17:25 -
وَآتِ ذَا الْقُرْبَىٰ حَقَّهُ وَالْمِسْكِينَ وَابْنَ السَّبِيلِ وَلَا تُبَذِّرْ تَبْذِيرًا
Ва ҳаққи хешовандро ба ӯ бидеҳ [силаи раҳим ба ҷой овар] ва тиҳидаст ва дарроҳмонда [-ро ёрӣ кун] ва ҳеҷ исрофкорӣ накун
17:26 -
إِنَّ الْمُبَذِّرِينَ كَانُوا إِخْوَانَ الشَّيَاطِينِ ۖ وَكَانَ الشَّيْطَانُ لِرَبِّهِ كَفُورًا
Дар ҳақиқат, исрофкорон бародарони шаётин ҳастанд ва шайтон нисбат ба Парвардигораш ҳамвора носипос будааст
17:27 -
وَإِمَّا تُعْرِضَنَّ عَنْهُمُ ابْتِغَاءَ رَحْمَةٍ مِنْ رَبِّكَ تَرْجُوهَا فَقُلْ لَهُمْ قَوْلًا مَيْسُورًا
Ва агар ба умеди раҳмат ва [кушоиши рӯзӣ] аз ҷониби Парвардигорат [ба ночор] аз онон рӯй мегардонӣ, пас, ба эшон сухане нарм бигӯ
17:28 -
وَلَا تَجْعَلْ يَدَكَ مَغْلُولَةً إِلَىٰ عُنُقِكَ وَلَا تَبْسُطْهَا كُلَّ الْبَسْطِ فَتَقْعُدَ مَلُومًا مَحْسُورًا
Ва [ҳаргиз] даст аз инфоқ набанд ва [низ] кушодадастии бисёр накун, ки маломатшуда ва ҳасратзада мегардӣ
17:29 -
إِنَّ رَبَّكَ يَبْسُطُ الرِّزْقَ لِمَنْ يَشَاءُ وَيَقْدِرُ ۚ إِنَّهُ كَانَ بِعِبَادِهِ خَبِيرًا بَصِيرًا
Бе гумон, Парвардигорат [неъмат ва] рӯзиро бар ҳар кӣ бихоҳад, густурда медорад ва ё танг мегирад. Бе тардид, Ӯ ҳамвора ба [аҳволи] бандагонаш огоҳ ва биност
17:30 -
وَلَا تَقْتُلُوا أَوْلَادَكُمْ خَشْيَةَ إِمْلَاقٍ ۖ نَحْنُ نَرْزُقُهُمْ وَإِيَّاكُمْ ۚ إِنَّ قَتْلَهُمْ كَانَ خِطْئًا كَبِيرًا
Ва фарзандонатонро аз бими тангдастӣ накушед. Мо ба эшон ва шумо рӯзӣ мебахшем. Яқинан куштани онҳо ҳамвора хатое бузург аст.
17:31 -
وَلَا تَقْرَبُوا الزِّنَا ۖ إِنَّهُ كَانَ فَاحِشَةً وَسَاءَ سَبِيلًا
Ва ба зино наздик нашавед. Бе тардид, он [кор] бисёр зишту роҳе нописанд аст
17:32 -
وَلَا تَقْتُلُوا النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللَّهُ إِلَّا بِالْحَقِّ ۗ وَمَنْ قُتِلَ مَظْلُومًا فَقَدْ جَعَلْنَا لِوَلِيِّهِ سُلْطَانًا فَلَا يُسْرِفْ فِي الْقَتْلِ ۖ إِنَّهُ كَانَ مَنْصُورًا
Ва касеро, ки Аллоҳ таоло [куштанашро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ накушед; ва ҳар ки ба ситам кушта шавад, ба валии ӯ қудрат [ва ҳаққи қисос] додаем; пас, вай низ набояд дар [кайфари] қатл зиёдаравӣ кунад. Бе тардид, ӯ [валии дам] таҳти ҳимоя [-и Аллоҳ таоло ва шаръи муқаддас] қарор дорад
17:33 -
وَلَا تَقْرَبُوا مَالَ الْيَتِيمِ إِلَّا بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ حَتَّىٰ يَبْلُغَ أَشُدَّهُ ۚ وَأَوْفُوا بِالْعَهْدِ ۖ إِنَّ الْعَهْدَ كَانَ مَسْئُولًا
Ва ба моли ятим – ҷуз шевае, ки накутар аст – наздик нашавед, то он гоҳ ки ба ҳадди [рушд ва] булуғаш бирасад ва ба паймон [-и хеш] вафо кунед; чаро ки [аз шумо] дар бораи паймон пурсида хоҳад шуд
17:34 -
وَأَوْفُوا الْكَيْلَ إِذَا كِلْتُمْ وَزِنُوا بِالْقِسْطَاسِ الْمُسْتَقِيمِ ۚ ذَٰلِكَ خَيْرٌ وَأَحْسَنُ تَأْوِيلًا
Ва ҳангоме ки [дар хариду фурӯш аҷносро] паймона мекунед, паймонаро комил [-у тамом] бидиҳед ва [онҳоро] бо тарозуи дуруст вазн кунед. Ин [кор] барои шумо беҳтар ва саранҷомаш накутар аст
17:35 -
وَلَا تَقْفُ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ ۚ إِنَّ السَّمْعَ وَالْبَصَرَ وَالْفُؤَادَ كُلُّ أُولَٰئِكَ كَانَ عَنْهُ مَسْئُولًا
Ва аз он чи дар борааш донише надорӣ, пайравӣ накун. Бе тардид, [дар қиёмат] гӯшу чашм ва дил аз ҳама инҳо бозхост хоҳад шуд
17:36 -
وَلَا تَمْشِ فِي الْأَرْضِ مَرَحًا ۖ إِنَّكَ لَنْ تَخْرِقَ الْأَرْضَ وَلَنْ تَبْلُغَ الْجِبَالَ طُولًا
Ва дар замин бо такаббур роҳ нарав. Ту ҳаргиз наметавонӣ [бо роҳ рафтани ғуруромезат] заминро бишкофӣ ва дар баландӣ [ва гарданфарозӣ низ] ба кӯҳҳо намерасӣ
17:37 -
كُلُّ ذَٰلِكَ كَانَ سَيِّئُهُ عِنْدَ رَبِّكَ مَكْرُوهًا
Ҳамаи инҳо назди Парвардигорат нописанд аст.
17:38 -
ذَٰلِكَ مِمَّا أَوْحَىٰ إِلَيْكَ رَبُّكَ مِنَ الْحِكْمَةِ ۗ وَلَا تَجْعَلْ مَعَ اللَّهِ إِلَٰهًا آخَرَ فَتُلْقَىٰ فِي جَهَنَّمَ مَلُومًا مَدْحُورًا
Ин аз он ҳикмат [-ҳое] аст, ки аз ҷониби Парвардигорат ба ту ваҳй шудааст; ва бо Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор надеҳ, ки накуҳида ва рондашуда ба дузах хоҳӣ афтод
17:39 -
أَفَأَصْفَاكُمْ رَبُّكُمْ بِالْبَنِينَ وَاتَّخَذَ مِنَ الْمَلَائِكَةِ إِنَاثًا ۚ إِنَّكُمْ لَتَقُولُونَ قَوْلًا عَظِيمًا
Оё [шумо мушрикон гумон мекунед, ки] Парвардигоратон [доштани] писаронро ба шумо ихтисос додааст ва худ аз [миёни] фариштагон духтароне баргирифтааст? Ба ростӣ, ки сухане бисёр бузург [ва нораво] мегӯед
17:40
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»