Сура 17 Ал-Исро (Исро), оят 41 – 52
-
وَلَقَدْ صَرَّفْنَا فِي هَٰذَا الْقُرْآنِ لِيَذَّكَّرُوا وَمَا يَزِيدُهُمْ إِلَّا نُفُورًا
Ва бе тардид, Мо дар ин Қуръон [аҳкому андарзҳоро бо шеваҳои] гуногун баён кардем, то [мардум] панд бигиранд; ва[-ле ин суханон] ҷуз дурӣ [аз ҳақ] бар онон намеафзояд
17:41 -
قُلْ لَوْ كَانَ مَعَهُ آلِهَةٌ كَمَا يَقُولُونَ إِذًا لَابْتَغَوْا إِلَىٰ ذِي الْعَرْشِ سَبِيلًا
[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар [бар фарзи маҳол] чунон ки [мушрикон] мегӯянд, бо Ӯ [Аллоҳ таоло] маъбудоне [дигар] буд, дар ин сурат, онон [барои тақарруб ва касби хушнудии Парвардигор] ба сӯи [Аллоҳ таоло] соҳиби Арш роҳе меҷустанд»
17:42 -
سُبْحَانَهُ وَتَعَالَىٰ عَمَّا يَقُولُونَ عُلُوًّا كَبِيرًا
Ӯ поку муназзаҳ аст ва аз он чи онон мегӯянд, басе бартар аст
17:43 -
تُسَبِّحُ لَهُ السَّمَاوَاتُ السَّبْعُ وَالْأَرْضُ وَمَنْ فِيهِنَّ ۚ وَإِنْ مِنْ شَيْءٍ إِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهِ وَلَٰكِنْ لَا تَفْقَهُونَ تَسْبِيحَهُمْ ۗ إِنَّهُ كَانَ حَلِيمًا غَفُورًا
Осмонҳои ҳафтгонаву замин ва ҳар ки дар онҳост, Ӯро ба покӣ меситоянд; ва ҳеҷ чиз нест, магар он ки Ӯро ба покӣ ёд мекунад; вале шумо тасбеҳи ононро дарнамеёбед. Бе тардид, Ӯ ҳамвора бурдбор [ва] омурзанда аст
17:44 -
وَإِذَا قَرَأْتَ الْقُرْآنَ جَعَلْنَا بَيْنَكَ وَبَيْنَ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ حِجَابًا مَسْتُورًا
Ва [эй Паёмбар] ҳангоме ки Қуръон мехонӣ, миёни ту ва касоне, ки ба охират имон надоранд, пардае пӯшида қарор медиҳем
17:45 -
وَجَعَلْنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ أَكِنَّةً أَنْ يَفْقَهُوهُ وَفِي آذَانِهِمْ وَقْرًا ۚ وَإِذَا ذَكَرْتَ رَبَّكَ فِي الْقُرْآنِ وَحْدَهُ وَلَّوْا عَلَىٰ أَدْبَارِهِمْ نُفُورًا
Ва бар дилҳояшон пӯшише қарор додем, то [паёми] онро дарнаёбанд ва дар гӯшҳояшон сангинӣ [ниҳодем, то ҳақро нашнаванд]; ва чун Парвардигоратро дар Қуръон ба ягонагӣ ёд мекунӣ, бо нафрат пушт мекунанд [ва мегурезанд]
17:46 -
نَحْنُ أَعْلَمُ بِمَا يَسْتَمِعُونَ بِهِ إِذْ يَسْتَمِعُونَ إِلَيْكَ وَإِذْ هُمْ نَجْوَىٰ إِذْ يَقُولُ الظَّالِمُونَ إِنْ تَتَّبِعُونَ إِلَّا رَجُلًا مَسْحُورًا
Ва он гоҳ ки [кофирон] ба ту гӯш месупоранд, Мо беҳтар медонем, ки ба чи [манзур ва чи гуна] гӯш медиҳанд ва [низ] он гоҳ ки наҷво мекунанд [Мо аз суханонаншон огоҳем]; он гоҳ ки ситмакорон [-и мушрик ба мардум] мегӯянд: «Шумо ҷуз аз марди ҷодушудае пайравӣ намекунед»
17:47 -
انْظُرْ كَيْفَ ضَرَبُوا لَكَ الْأَمْثَالَ فَضَلُّوا فَلَا يَسْتَطِيعُونَ سَبِيلًا
Бингар, ки чи гуна бароят мисолҳо задаанд, пас, гумроҳ шуданд ва дар натиҷа наметавонанд роҳе [ба сӯйи ҳақ] бибаранд
17:48 -
وَقَالُوا أَإِذَا كُنَّا عِظَامًا وَرُفَاتًا أَإِنَّا لَمَبْعُوثُونَ خَلْقًا جَدِيدًا
Ва [мушрикон] гуфтанд: «Оё ҳангоме ки устухонҳое [пӯсида ва] пароканда шудем, дубора бо офариниши ҷадид барангехта мешавем?»
17:49 -
قُلْ كُونُوا حِجَارَةً أَوْ حَدِيدًا
Бигӯ: «[Ҳатто агар] Санг бошед ё оҳан
17:50 -
أَوْ خَلْقًا مِمَّا يَكْبُرُ فِي صُدُورِكُمْ ۚ فَسَيَقُولُونَ مَنْ يُعِيدُنَا ۖ قُلِ الَّذِي فَطَرَكُمْ أَوَّلَ مَرَّةٍ ۚ فَسَيُنْغِضُونَ إِلَيْكَ رُءُوسَهُمْ وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هُوَ ۖ قُلْ عَسَىٰ أَنْ يَكُونَ قَرِيبًا
Ё [Ҳар] Офаридае, ки дар хотиратон бузург менамояд [боз ҳам Аллоҳ таоло метавонад шуморо зинда кунад]. Пас, хоҳанд гуфт: «Чи касе моро бозмегардонад?». Бигӯ: [Ҳамон Парвардигоре, ки] ки нахустин бор шуморо офарид». Он гоҳ сарҳояшонро [ба нишонаи нобоварӣ] муқобилат такон медиҳанд ва мегӯянд: «Он [ҳодиса] кай хоҳад буд?». Бигӯ: «Чи басо наздик бошад
17:51 -
يَوْمَ يَدْعُوكُمْ فَتَسْتَجِيبُونَ بِحَمْدِهِ وَتَظُنُّونَ إِنْ لَبِثْتُمْ إِلَّا قَلِيلًا
Рӯзе, ки [Аллоҳ таоло] шуморо [ба саҳрои маҳшар] фаро мехонад ва шумо бо сипосу ситоиш иҷобаташ мекунед ва мепиндоред, ки ҷуз андаке [дар дунё] ба сар набурдаед»
17:52
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»