Сура 16 Ан-Наҳл (Занбӯри асал), оят 66 – 83

  1. وَإِنَّ لَكُمْ فِي الْأَنْعَامِ لَعِبْرَةً ۖ نُسْقِيكُمْ مِمَّا فِي بُطُونِهِ مِنْ بَيْنِ فَرْثٍ وَدَمٍ لَبَنًا خَالِصًا سَائِغًا لِلشَّارِبِينَ

    Ва [эй мардум,] дар [афзоиши] чаҳорпоён барои шумо ибрате аст: аз он чи дар шиками онҳост, аз миёни ғизоҳои ҳазмшуда ва хун шири холисе ба шумо менӯшонем, ки барои нӯшандагон гуворост

    16:66
  2. وَمِنْ ثَمَرَاتِ النَّخِيلِ وَالْأَعْنَابِ تَتَّخِذُونَ مِنْهُ سَكَرًا وَرِزْقًا حَسَنًا ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ

    Ва [низ] аз меваҳои дарахтони хурмо ва ангур ҳам шароб [-и мастиовар] ва ҳам рӯзии наку [ва покиза] ба даст меоваред. Бе гумон, дар ин [амр] барои касоне, ки хирад меварзанд, нишонае [аз лутфу қудрати Парвардигор] аст

    16:67
  3. وَأَوْحَىٰ رَبُّكَ إِلَى النَّحْلِ أَنِ اتَّخِذِي مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا وَمِنَ الشَّجَرِ وَمِمَّا يَعْرِشُونَ

    Парвардигорат ба занбӯри асал илҳом кард, ки: аз кӯҳҳо ва дарахтон ва аз он чи [мардум] бино мекунанд, [барои худ] хонаҳое баргир

    16:68
  4. ثُمَّ كُلِي مِنْ كُلِّ الثَّمَرَاتِ فَاسْلُكِي سُبُلَ رَبِّكِ ذُلُلًا ۚ يَخْرُجُ مِنْ بُطُونِهَا شَرَابٌ مُخْتَلِفٌ أَلْوَانُهُ فِيهِ شِفَاءٌ لِلنَّاسِ ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ

    Он гоҳ аз [шираи] тамоми меваҳо [ва гулҳо] бихӯр ва роҳҳои Парвардигоратро фурӯтанона тай кун». Аз шиками онҳо шаҳде рангоранг берун меояд, ки шифои мардум дар он аст. Ба ростӣ, дар ин [амр] барои мардуме, ки меандешанд, нишонае [аз илму қудрати Парвардигор] аст

    16:69
  5. وَاللَّهُ خَلَقَكُمْ ثُمَّ يَتَوَفَّاكُمْ ۚ وَمِنْكُمْ مَنْ يُرَدُّ إِلَىٰ أَرْذَلِ الْعُمُرِ لِكَيْ لَا يَعْلَمَ بَعْدَ عِلْمٍ شَيْئًا ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ قَدِيرٌ

    Ва Аллоҳ таоло шуморо офаридааст ва сипас ҷонатонро мегирад; ва бархе аз шумо ба фурӯтарини [даврони] умр [куҳансолӣ] мерасанд, чунончи пас аз донистани [бисёре чизҳо, дигар] чизе намедонанд [ва ҳамаро фаромӯш мекунанд]. Бе тардид, Аллоҳ таоло донову тавоност

    16:70
  6. وَاللَّهُ فَضَّلَ بَعْضَكُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ فِي الرِّزْقِ ۚ فَمَا الَّذِينَ فُضِّلُوا بِرَادِّي رِزْقِهِمْ عَلَىٰ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُمْ فَهُمْ فِيهِ سَوَاءٌ ۚ أَفَبِنِعْمَةِ اللَّهِ يَجْحَدُونَ

    Ва Аллоҳ таоло бархе аз шуморо бар бархе [дигар] дар [неъмату] рӯзӣ бартарӣ додаст; пас, касоне, ки бартарӣ дода шудаанд, ҳозир нестанд, ки аз рӯзии худ ба бардагонашон бидиҳанд, то ҳамагӣ дар он [неъмату дороӣ] баробар шаванд. [Агар худ аз шарик безоранд, чаро барои Аллоҳ таоло шарик қарор медиҳанд?] Пас, оё [бо ин ширкварзӣ] неъмати Аллоҳро инкор мекунанд?

    16:71
  7. وَاللَّهُ جَعَلَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْوَاجًا وَجَعَلَ لَكُمْ مِنْ أَزْوَاجِكُمْ بَنِينَ وَحَفَدَةً وَرَزَقَكُمْ مِنَ الطَّيِّبَاتِ ۚ أَفَبِالْبَاطِلِ يُؤْمِنُونَ وَبِنِعْمَتِ اللَّهِ هُمْ يَكْفُرُونَ

    Ва Аллоҳ таоло барои шумо аз [ҷинси] худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон барои шумо фарзандон ва наводагоне офарид ва аз чизҳое покиза ба шумо рӯзӣ бахшид. Пас, оё [боз ҳам] ба ботил имон меоваранд ва ба неъмати Аллоҳ таоло носипосӣ мекунанд?

    16:72
  8. وَيَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَا يَمْلِكُ لَهُمْ رِزْقًا مِنَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ شَيْئًا وَلَا يَسْتَطِيعُونَ

    Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло чизҳоеро мепарастанд, ки молики ҳеҷ рӯзие дар осмонҳо ва замин барояшон нестанд ва тавоноӣ [-и ҳеҷ коре] надоранд

    16:73
  9. فَلَا تَضْرِبُوا لِلَّهِ الْأَمْثَالَ ۚ إِنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ

    Пас, барои Аллоҳ таоло амсол [ва шарикҳое мутааддид] қоил нашавед. Бе тардид, Аллоҳ таоло медонад ва шумо намедонед

    16:74
  10. ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا عَبْدًا مَمْلُوكًا لَا يَقْدِرُ عَلَىٰ شَيْءٍ وَمَنْ رَزَقْنَاهُ مِنَّا رِزْقًا حَسَنًا فَهُوَ يُنْفِقُ مِنْهُ سِرًّا وَجَهْرًا ۖ هَلْ يَسْتَوُونَ ۚ الْحَمْدُ لِلَّهِ ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ

    Аллоҳ таоло мисоле задааст: бардаи мамлуке, ки қодир ба ҳеҷ коре нест ва [дар муқобил,] касе, ки аз ҷониби хеш ба ӯ рӯзии накуе бахшидаем ва ӯ аз ҳамон [неъматҳои илоҳӣ] пинҳону ошкор инфоқ мекунад. Оё ин ду баробаранд? [Пас, шумо мушрикон чи гуна молики мутлақро бо бутҳои нотавон яксон медонед?] Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст; аммо бештарашон [ҳаққи ягонагиашро] намедонанд

    16:75
  11. وَضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا رَجُلَيْنِ أَحَدُهُمَا أَبْكَمُ لَا يَقْدِرُ عَلَىٰ شَيْءٍ وَهُوَ كَلٌّ عَلَىٰ مَوْلَاهُ أَيْنَمَا يُوَجِّهْهُ لَا يَأْتِ بِخَيْرٍ ۖ هَلْ يَسْتَوِي هُوَ وَمَنْ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ ۙ وَهُوَ عَلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ

    Ва Аллоҳ таоло масали [дигаре] задааст: ду мардро [фарз кунед], ки яке аз он ду лол аст ва ҳеҷ коре аз вай барнамеояд ва сарбори дӯсти худ мебошад, ҳар куҷо ӯро мефиристад, ҳеҷ хайре ба ҳамроҳ намеоварад [ва вазоифашро ба дурустӣ анҷом намедиҳад]; оё ӯ бо касе, ки ба адолат фармон медиҳад ва худ бар роҳе мустақим қарор дорад, баробар аст? [Пас, шумо мушрикон чи гуна қодири мутлақро бо бутҳои беэҳсоси нотавон яксон медонед?]

    16:76
  12. وَلِلَّهِ غَيْبُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ وَمَا أَمْرُ السَّاعَةِ إِلَّا كَلَمْحِ الْبَصَرِ أَوْ هُوَ أَقْرَبُ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

    [Илми] Ғайби осмонҳо ва замин танҳо аз они Аллоҳ таоло аст ва амри [барпоии] қиёмат ҷуз [ба суръати] як чашм бар ҳам задан нест; ё [ҳатто] сареътар. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност

    16:77
  13. وَاللَّهُ أَخْرَجَكُمْ مِنْ بُطُونِ أُمَّهَاتِكُمْ لَا تَعْلَمُونَ شَيْئًا وَجَعَلَ لَكُمُ السَّمْعَ وَالْأَبْصَارَ وَالْأَفْئِدَةَ ۙ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

    [Эй мардум] Аллоҳ таоло шуморо аз шиками модаронатон хориҷ намуд, дар ҳоле ки ҳеҷ чиз намедонистед; ва бароятон гӯшу чашм ва дил [-у ақл] падид овард [то қудратҳои илоҳиро дарк кунед]; бошад, ки сипос гузоред

    16:78
  14. أَلَمْ يَرَوْا إِلَى الطَّيْرِ مُسَخَّرَاتٍ فِي جَوِّ السَّمَاءِ مَا يُمْسِكُهُنَّ إِلَّا اللَّهُ ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ

    Оё [мушрикон] парандагонро надидаанд, ки дар фазои осмон ром шудаанд [ва] касе ҷуз Аллоҳ таоло онҳоро [дар он ҳол] нигаҳ намедорад? Ба ростӣ, дар ин [амр] барои мардуме, ки имон доранд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст

    16:79
  15. وَاللَّهُ جَعَلَ لَكُمْ مِنْ بُيُوتِكُمْ سَكَنًا وَجَعَلَ لَكُمْ مِنْ جُلُودِ الْأَنْعَامِ بُيُوتًا تَسْتَخِفُّونَهَا يَوْمَ ظَعْنِكُمْ وَيَوْمَ إِقَامَتِكُمْ ۙ وَمِنْ أَصْوَافِهَا وَأَوْبَارِهَا وَأَشْعَارِهَا أَثَاثًا وَمَتَاعًا إِلَىٰ حِينٍ

    Аллоҳ таоло барои шумо аз хонаҳоятон маҳалли сукунат [ва оромиш] қарор дод ва аз пушти чаҳорпоён [низ] бароятон хонаҳое [хаймаҳое] қарор дод, то рӯзи кӯч кардан онҳоро сабук меёбед ва рӯзи иқомататон [низ барпоияш осон бошад]; ва аз пашму тибитҳо ва мӯйҳояшон то муддате муайян [бароятон] асоси [хона] ва асбоб [-у васоили зиндагӣ] фароҳам кард

    16:80
  16. وَاللَّهُ جَعَلَ لَكُمْ مِمَّا خَلَقَ ظِلَالًا وَجَعَلَ لَكُمْ مِنَ الْجِبَالِ أَكْنَانًا وَجَعَلَ لَكُمْ سَرَابِيلَ تَقِيكُمُ الْحَرَّ وَسَرَابِيلَ تَقِيكُمْ بَأْسَكُمْ ۚ كَذَٰلِكَ يُتِمُّ نِعْمَتَهُ عَلَيْكُمْ لَعَلَّكُمْ تُسْلِمُونَ

    Аллоҳ таоло аз он чӣ офарид, сояҳое бароятон фароҳам овардааст ва аз кӯҳҳо [низ роҳҳо ва] паноҳгоҳҳое бароятон қарор додааст ва бароятон ҷомаҳое падид овардааст, ки аз [сармо] ва гармо нигоҳатон медорад ва [зиреҳҳо ва] танпӯшҳое, ки шуморо дар ҷанг[-ҳоя]-тон ҳифз мекунад. Ӯ, инчунин, неъматашро бар шумо тамом мегардонад; бошад, ки [дар баробари тавҳид] таслим шавед [ва ширк наварзед]

    16:81
  17. فَإِنْ تَوَلَّوْا فَإِنَّمَا عَلَيْكَ الْبَلَاغُ الْمُبِينُ

    Пас, [эй Паёмбар] агар [мушрикон] рӯй гардонанд, ҷуз ин нест, ки вазифаи ту [фақат] паёмрасонии ошкор аст

    16:82
  18. يَعْرِفُونَ نِعْمَتَ اللَّهِ ثُمَّ يُنْكِرُونَهَا وَأَكْثَرُهُمُ الْكَافِرُونَ

    [Онон] неъмати Аллоҳро мешиносанд; он гоҳ [боз ҳам] инкораш мекунанд ва бештарашон носипосу кофиранд

    16:83

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»