Сура 16 Ан-Наҳл (Занбӯри асал), оят 111 – 119

  1. يَوْمَ تَأْتِي كُلُّ نَفْسٍ تُجَادِلُ عَنْ نَفْسِهَا وَتُوَفَّىٰ كُلُّ نَفْسٍ مَا عَمِلَتْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ

    [Эй Паёмбар, ёд кун аз] Рӯзе, ки ҳар кас дар ҳоле [ба пешгоҳи адли илоҳӣ] меояд, ки [танҳо] аз худ дифоъ мекунад; ва ҳар кас дар баробари он чи кардааст, бе каму кост подош мегирад ва бар онон ситам намеравад

    16:111
  2. وَضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا قَرْيَةً كَانَتْ آمِنَةً مُطْمَئِنَّةً يَأْتِيهَا رِزْقُهَا رَغَدًا مِنْ كُلِّ مَكَانٍ فَكَفَرَتْ بِأَنْعُمِ اللَّهِ فَأَذَاقَهَا اللَّهُ لِبَاسَ الْجُوعِ وَالْخَوْفِ بِمَا كَانُوا يَصْنَعُونَ

    Ва Аллоҳ таоло шаҳре [ҳамчун Макка]-ро мисол мезанад, ки амну ором буд ва рӯзиаш аз ҳар сӯ ба осонӣ ва фаровонӣ мерасид, вале [мардумонаш] нисбат ба неъматҳои илоҳӣ носипосӣ намуданд ва он гоҳ Аллоҳ таоло низ ба сазои он чи мекарданд, таъми гуруснагӣ ва тарсро ба [аҳли] он чашонид

    16:112
  3. وَلَقَدْ جَاءَهُمْ رَسُولٌ مِنْهُمْ فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمُ الْعَذَابُ وَهُمْ ظَالِمُونَ

    Ва паёмбаре аз худашон ба сӯйи онон омад, аммо ӯро дурӯғгӯ ангоштанд; он гоҳ, дар ҳоле ки ситамгор [ва мушрик] буданд, азоби [илоҳӣ] ононро фурӯ гирифт

    16:113
  4. فَكُلُوا مِمَّا رَزَقَكُمُ اللَّهُ حَلَالًا طَيِّبًا وَاشْكُرُوا نِعْمَتَ اللَّهِ إِنْ كُنْتُمْ إِيَّاهُ تَعْبُدُونَ

    Пас аз он чи Аллоҳ таоло рӯзиатон кардааст, ҳалолу покиза бихӯред ва агар фақат Ӯро мепарастед, бар неъмати илоҳӣ шукр гузоред

    16:114
  5. إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيْكُمُ الْمَيْتَةَ وَالدَّمَ وَلَحْمَ الْخِنْزِيرِ وَمَا أُهِلَّ لِغَيْرِ اللَّهِ بِهِ ۖ فَمَنِ اضْطُرَّ غَيْرَ بَاغٍ وَلَا عَادٍ فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ

    Ҷуз ин нест, ки [Аллоҳ таоло] фақат мурдор ва хун ва гӯшти хук ва он чиро, ки [ҳангоми забҳ] номи ғайри Аллоҳ таоло бар он бурда шудааст, бар шумо ҳаром кардааст; пас, ҳар ки [барои ҳифзи ҷонаш ба хӯрдани онҳо] ночор шавад [ва] саркашу зиёдахоҳ набошад, [бар ӯ гуноҳ нест, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

    16:115
  6. وَلَا تَقُولُوا لِمَا تَصِفُ أَلْسِنَتُكُمُ الْكَذِبَ هَٰذَا حَلَالٌ وَهَٰذَا حَرَامٌ لِتَفْتَرُوا عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ ۚ إِنَّ الَّذِينَ يَفْتَرُونَ عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ لَا يُفْلِحُونَ

    Ва [эй мушрикон] бо дурӯғе, ки бар забонатон ҷорӣ мешавад, нагӯед: «Ин ҳалол аст ва он ҳаром», то бар Аллоҳ таоло дурӯғ бандед. Касоне, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд, ҳаргиз растагор намешаванд

    16:116
  7. مَتَاعٌ قَلِيلٌ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

    [Натиҷаи дунёдӯстияшон] Баҳрае андак аст ва [дар охират] азобе дарднок [дар пеш] доранд

    16:117
  8. وَعَلَى الَّذِينَ هَادُوا حَرَّمْنَا مَا قَصَصْنَا عَلَيْكَ مِنْ قَبْلُ ۖ وَمَا ظَلَمْنَاهُمْ وَلَٰكِنْ كَانُوا أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ

    Ва бар яҳудиён он чиро пештар бар ту ҳикоят кардем, ҳаром намудем ва Мо ба онон ситам накардем; балки онҳо худ [буданд, ки дар натиҷаи нофармонӣ] ба хештан ситам мекарданд

    16:118
  9. ثُمَّ إِنَّ رَبَّكَ لِلَّذِينَ عَمِلُوا السُّوءَ بِجَهَالَةٍ ثُمَّ تَابُوا مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ وَأَصْلَحُوا إِنَّ رَبَّكَ مِنْ بَعْدِهَا لَغَفُورٌ رَحِيمٌ

    Он гоҳ Парвардигорат нисбат ба касоне, ки аз рӯи нодонӣ гуноҳ карданд ва сипас аз он [иштибоҳот] тавба намуданд ва дурусткорӣ карданд, ҳатман, Парвардигорат пас аз он омурзандаи меҳрубон аст

    16:119

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»