Сура 15 Ал-Ҳиҷр, оят 45 – 60

  1. إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ

    Яқинан, парҳезгорон дар боғҳо [-и биҳишт] ва дар [канори] чашмаҳо ҳастанд

    15:45
  2. ادْخُلُوهَا بِسَلَامٍ آمِنِينَ

    Ҳангоми вуруд ба онон гуфта мешавад] «Ба саломат ва эминӣ ба он [боғҳо] ворид шавед»

    15:46
  3. وَنَزَعْنَا مَا فِي صُدُورِهِمْ مِنْ غِلٍّ إِخْوَانًا عَلَىٰ سُرُرٍ مُتَقَابِلِينَ

    Он чи дар дилҳояшон аз кина [ва ҳасад] аст, бармеканем, бародарона бар тахтҳо рӯбарӯйи якдигаранд

    15:47
  4. لَا يَمَسُّهُمْ فِيهَا نَصَبٌ وَمَا هُمْ مِنْهَا بِمُخْرَجِينَ

    Дар он ҷо на ранҷе ба онон мерасад ва на аз он ҷо берун ронда мешаванд

    15:48
  5. نَبِّئْ عِبَادِي أَنِّي أَنَا الْغَفُورُ الرَّحِيمُ

    [Эй Паёмбар] Ба бандагонам хабар бидеҳ, ки ман омурзандаи меҳрубонам

    15:49
  6. وَأَنَّ عَذَابِي هُوَ الْعَذَابُ الْأَلِيمُ

    Ва ин ки азоби ман азобе дарднок аст

    15:50
  7. وَنَبِّئْهُمْ عَنْ ضَيْفِ إِبْرَاهِيمَ

    Ва аз меҳмонони Иброҳим [низ] ба онон хабар бидеҳ

    15:51
  8. إِذْ دَخَلُوا عَلَيْهِ فَقَالُوا سَلَامًا قَالَ إِنَّا مِنْكُمْ وَجِلُونَ

    Ҳангоме ки бар ӯ ворид шуданд, салом гуфтанд, [аммо чун даст ба ғизо набурданд, Иброҳим] гуфт: «Мо аз шумо ҳаросонем»

    15:52
  9. قَالُوا لَا تَوْجَلْ إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلَامٍ عَلِيمٍ

    Онон гуфтанд: «Натарс, мо туро ба писаре доно мужда медиҳем»

    15:53
  10. قَالَ أَبَشَّرْتُمُونِي عَلَىٰ أَنْ مَسَّنِيَ الْكِبَرُ فَبِمَ تُبَشِّرُونَ

    [Иброҳим] Гуфт: «Оё бо ин ки солхӯрда шудаам, мужда [-и таваллуди фарзанд] ба ман медиҳед? Ба чи [далел инчунин] башорат медиҳед»?

    15:54
  11. قَالُوا بَشَّرْنَاكَ بِالْحَقِّ فَلَا تَكُنْ مِنَ الْقَانِطِينَ

    Онон гуфтанд: «Мо туро ба дурустӣ башорат додем, пас, ноумед набош»

    15:55
  12. قَالَ وَمَنْ يَقْنَطُ مِنْ رَحْمَةِ رَبِّهِ إِلَّا الضَّالُّونَ

    [Иброҳим] Гуфт: «Ва ҷуз гумроҳон чи касе аз раҳмати Парвардигораш ноумед мегардад»?

    15:56
  13. قَالَ فَمَا خَطْبُكُمْ أَيُّهَا الْمُرْسَلُونَ

    [Он гоҳ ба фариштагон] гуфт: «Эй фиристодагон, кор [-у маъмурият]-и шумо чист»?

    15:57
  14. قَالُوا إِنَّا أُرْسِلْنَا إِلَىٰ قَوْمٍ مُجْرِمِينَ

    Онон гуфтанд: «Дар ҳақиқат, мо ба сӯйи қавми гунаҳгор [-и Лут] фиристода шудаем [то ҳалокашон кунем]

    15:58
  15. إِلَّا آلَ لُوطٍ إِنَّا لَمُنَجُّوهُمْ أَجْمَعِينَ

    Ба ҷуз хонаводаи Лут, ки мо яқинан, ҳамаи ононро наҷот хоҳем дод

    15:59
  16. إِلَّا امْرَأَتَهُ قَدَّرْنَا ۙ إِنَّهَا لَمِنَ الْغَابِرِينَ

    Магар ҳамсараш, ки муқаддар кардаем, ки аз бозмондагон [дар азоб] бошад»

    15:60

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»