Сура 15 Ал-Ҳиҷр, оят 26 – 33
-
وَلَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ مِنْ صَلْصَالٍ مِنْ حَمَإٍ مَسْنُونٍ
Ва дар ҳақиқат, Мо [нахустин] инсон [Одам]-ро аз гили хушк [-и бозмонда] аз лойи бӯйгирифта офаридем
15:26 -
وَالْجَانَّ خَلَقْنَاهُ مِنْ قَبْلُ مِنْ نَارِ السَّمُومِ
Ва пеш аз он ҷинро аз оташе сӯзон офаридем
15:27 -
وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي خَالِقٌ بَشَرًا مِنْ صَلْصَالٍ مِنْ حَمَإٍ مَسْنُونٍ
Ва [ёд кун] аз ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон фармуд: «Ҳамоно ман башареро аз гили хушк [-и бозмонда] аз лойи бӯйгирифта хоҳем офарид
15:28 -
فَإِذَا سَوَّيْتُهُ وَنَفَخْتُ فِيهِ مِنْ رُوحِي فَقَعُوا لَهُ سَاجِدِينَ
Пас, чун [ӯро офаридем ва] ба ӯ сомон додем ва аз рӯҳи хеш дар вай дамидем, [ба нишонаи итоат аз фармони Ман ҳамагӣ] бар ӯ саҷда кунед»
15:29 -
فَسَجَدَ الْمَلَائِكَةُ كُلُّهُمْ أَجْمَعُونَ
Пас, фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд
15:30 -
إِلَّا إِبْلِيسَ أَبَىٰ أَنْ يَكُونَ مَعَ السَّاجِدِينَ
Магар Иблис, ки аз он ки бо саҷдакунандагон бошад, сарпечӣ кард
15:31 -
قَالَ يَا إِبْلِيسُ مَا لَكَ أَلَّا تَكُونَ مَعَ السَّاجِدِينَ
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Иблис, чаро ту бо саҷдакунандагон [ҳамроҳ] нестӣ»?
15:32 -
قَالَ لَمْ أَكُنْ لِأَسْجُدَ لِبَشَرٍ خَلَقْتَهُ مِنْ صَلْصَالٍ مِنْ حَمَإٍ مَسْنُونٍ
[Иблис] гуфт: «Ман он нестам, ки барои башаре, ки ӯро аз гили хушк [-и бозмонда] аз лойи бӯйгирифта офаридаӣ саҷда кунам»
15:33
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»