Сура 14 Иброҳим, оят 5 – 6
-
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَىٰ بِآيَاتِنَا أَنْ أَخْرِجْ قَوْمَكَ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ وَذَكِّرْهُمْ بِأَيَّامِ اللَّهِ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِكُلِّ صَبَّارٍ شَكُورٍ
Ва ба ростӣ, Мо Мӯсоро бо нишонаҳое равшани худ фиристодем [ва ба ӯ дастур додем], ки: «Қавматро аз торикиҳо [-и куфр] ба рӯшноии [тавҳид] берун овар ва рӯзҳои Аллоҳро ба онон ёдоварӣ кун. Бе тардид, дар ин [ёдоварӣ] барои ҳар шикебои шукргузор нишонаҳое [аз яктоӣ ва бузургии Аллоҳ таоло] аст
14:5 -
وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِ اذْكُرُوا نِعْمَةَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ أَنْجَاكُمْ مِنْ آلِ فِرْعَوْنَ يَسُومُونَكُمْ سُوءَ الْعَذَابِ وَيُذَبِّحُونَ أَبْنَاءَكُمْ وَيَسْتَحْيُونَ نِسَاءَكُمْ ۚ وَفِي ذَٰلِكُمْ بَلَاءٌ مِنْ رَبِّكُمْ عَظِيمٌ
Ва [эй Паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред, он гоҳ, ки аз [чанголи] фиръавниён наҷотатон дод, ки бадтарин [ва сахттарин] азобро бар саратон меоварданд: писаронатонро мекуштанд ва занонатонро [барои канизӣ] зинда мегузоштанд ва дар ин [амр] аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо озмоише бузург буд [то шикебоиятонро биёзмояд]»
14:6
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»