Сура 14 Иброҳим, оят 42 – 52
-
وَلَا تَحْسَبَنَّ اللَّهَ غَافِلًا عَمَّا يَعْمَلُ الظَّالِمُونَ ۚ إِنَّمَا يُؤَخِّرُهُمْ لِيَوْمٍ تَشْخَصُ فِيهِ الْأَبْصَارُ
Ва [эй Паёмбар, ҳаргиз] мапиндор, ки Аллоҳ таоло аз он чи ситамгорон мекунанд, ғофил аст. [На, балки кайфари] ононро барои рӯзе ба таъхир меафканад, ки чашмҳо дар он [аз ваҳшат] хира мешаванд
14:42 -
مُهْطِعِينَ مُقْنِعِي رُءُوسِهِمْ لَا يَرْتَدُّ إِلَيْهِمْ طَرْفُهُمْ ۖ وَأَفْئِدَتُهُمْ هَوَاءٌ
Дар ҳоле ки [ба сӯйи мунодии маҳшар] шитобонанд ва сарҳоро боло гирифтаанд [ва бо беқарорӣ ба осмон менигаранд] ва чашм бар ҳам намезананд ва дилҳояшон [аз ваҳшат] тиҳӣ гаштааст
14:43 -
وَأَنْذِرِ النَّاسَ يَوْمَ يَأْتِيهِمُ الْعَذَابُ فَيَقُولُ الَّذِينَ ظَلَمُوا رَبَّنَا أَخِّرْنَا إِلَىٰ أَجَلٍ قَرِيبٍ نُجِبْ دَعْوَتَكَ وَنَتَّبِعِ الرُّسُلَ ۗ أَوَلَمْ تَكُونُوا أَقْسَمْتُمْ مِنْ قَبْلُ مَا لَكُمْ مِنْ زَوَالٍ
Ва [эй Паёмбар] мардумро аз рӯзе битарсон, ки азоби илоҳӣ ба суроғашон меояд, пас, онон, ки [бо куфру ширк ба хеш] ситам кардаанд, мегӯянд: «Парвардигоро, андаке ба мо муҳлат бидеҳ, то [ба дунё бозгардем ва] даъвататро посух гӯем ва аз паёмбарон пайравӣ кунем. [Гуфта шавад] «Шумо набудед, ки пештар савганд мехӯрдед, ки шуморо фаное нест»?
14:44 -
وَسَكَنْتُمْ فِي مَسَاكِنِ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ وَتَبَيَّنَ لَكُمْ كَيْفَ فَعَلْنَا بِهِمْ وَضَرَبْنَا لَكُمُ الْأَمْثَالَ
Ва [магар на ин аст, ки] дар хонаҳои касоне, ки [бо ширку носипосӣ] ба хештан ситам карда буданд [қавми Ҳуд ва Солеҳ] сокин шудед ва бароятон равшан шуд, ки [чун куфр варзиданд] бо онон чи гуна рафтор кардем ва [аз саргузашти пешиниён] бароятон масалҳо задем [вале боз ҳам панд нагирифтед]
14:45 -
وَقَدْ مَكَرُوا مَكْرَهُمْ وَعِنْدَ اللَّهِ مَكْرُهُمْ وَإِنْ كَانَ مَكْرُهُمْ لِتَزُولَ مِنْهُ الْجِبَالُ
Ва онон ниҳояти найранги худро [барои мухолифат бо паёмбар ва куштани ӯ] ба кор бурданд ва макрашон назди Аллоҳ таоло [ошкор] аст, ҳарчанд найрангашон [чунон заиф аст, ки] наметавонад кӯҳҳоро аз ҷой бардорад
14:46 -
فَلَا تَحْسَبَنَّ اللَّهَ مُخْلِفَ وَعْدِهِ رُسُلَهُ ۗ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ ذُو انْتِقَامٍ
Пас, ҳаргиз мапиндор, ки Аллоҳ таоло ваъдаи хешро [дар бораи пирӯзии ҳақ] бо паёмбаронаш хилоф мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазири додситон аст
14:47 -
يَوْمَ تُبَدَّلُ الْأَرْضُ غَيْرَ الْأَرْضِ وَالسَّمَاوَاتُ ۖ وَبَرَزُوا لِلَّهِ الْوَاحِدِ الْقَهَّارِ
Дар он рӯз [ин] замин ба замине дигар ва осмонҳо [ба осмонҳои дигар] табдил мешаванд ва [мардум] дар муқобили Аллоҳи ягонаи пирӯзманд зоҳир мегарданд
14:48 -
وَتَرَى الْمُجْرِمِينَ يَوْمَئِذٍ مُقَرَّنِينَ فِي الْأَصْفَادِ
Ва гунаҳгоронро дар он рӯз мебинӣ, ки дар занҷирҳо баста шудаанд
14:49 -
سَرَابِيلُهُمْ مِنْ قَطِرَانٍ وَتَغْشَىٰ وُجُوهَهُمُ النَّارُ
Ҷомаҳояшон аз қири гудохта аст ва оташ суратҳояшонро мепӯшонад
14:50 -
لِيَجْزِيَ اللَّهُ كُلَّ نَفْسٍ مَا كَسَبَتْ ۚ إِنَّ اللَّهَ سَرِيعُ الْحِسَابِ
То Аллоҳ таоло ҳар киро ба [сазои] он чи кардааст, кайфар диҳад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст
14:51 -
هَٰذَا بَلَاغٌ لِلنَّاسِ وَلِيُنْذَرُوا بِهِ وَلِيَعْلَمُوا أَنَّمَا هُوَ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ وَلِيَذَّكَّرَ أُولُو الْأَلْبَابِ
Ин [Қуръон] паёме расо барои мардум аст [то ба василаи он ҳидоят шаванд] ва бо он ҳушдор ёбанд ва бидонанд, ки Ӯ маъбуде яктост ва то хирадмандон панд гиранд
14:52
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»