Сура 14 Иброҳим, оят 28 – 34

  1. أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ بَدَّلُوا نِعْمَتَ اللَّهِ كُفْرًا وَأَحَلُّوا قَوْمَهُمْ دَارَ الْبَوَارِ

    Оё надидӣ он касоне [аз Қурайш]-ро, ки [сипоси] неъмати Аллоҳ таоло [Ҳарами амн ва вуҷуди паёмбар]-ро ба [носипосӣ ва] куфр бадал карданд ва қавмашонро ба сарои ҳалок дароварданд?

    14:28
  2. جَهَنَّمَ يَصْلَوْنَهَا ۖ وَبِئْسَ الْقَرَارُ

    [Он сарои ҳалок] Дузах аст, [ки] дар он ворид мешаванд ва чи бад ҷойгоҳест!

    14:29
  3. وَجَعَلُوا لِلَّهِ أَنْدَادًا لِيُضِلُّوا عَنْ سَبِيلِهِ ۗ قُلْ تَمَتَّعُوا فَإِنَّ مَصِيرَكُمْ إِلَى النَّارِ

    [Мушрикон] Барои Аллоҳ таоло ҳамтоёне қарор додаанд, то [мардумро] аз роҳи Ӯ гумроҳ кунанд. Бигӯ: «[Чанд рӯзе аз неъматҳои дунё] Баҳра гиред, пас, яқинан бозгаштатон ба сӯйи оташи [дузах] аст»

    14:30
  4. قُلْ لِعِبَادِيَ الَّذِينَ آمَنُوا يُقِيمُوا الصَّلَاةَ وَيُنْفِقُوا مِمَّا رَزَقْنَاهُمْ سِرًّا وَعَلَانِيَةً مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَ يَوْمٌ لَا بَيْعٌ فِيهِ وَلَا خِلَالٌ

    [Эй Паёмбар] ба бандагони ман, ки имон овардаанд, бигӯ, намоз барпо доранд ва аз он чи рӯзиашон кардаем, пинҳоу ошкор инфоқ кунанд, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фурӯшест ва на дӯстие

    14:31
  5. اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَأَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَخْرَجَ بِهِ مِنَ الثَّمَرَاتِ رِزْقًا لَكُمْ ۖ وَسَخَّرَ لَكُمُ الْفُلْكَ لِتَجْرِيَ فِي الْبَحْرِ بِأَمْرِهِ ۖ وَسَخَّرَ لَكُمُ الْأَنْهَارَ

    Аллоҳ таоло аст, ки осмонҳо ва заминро офарид ва аз осмон обе фурӯ фиристод ва бо он [анвои] меваҳоро барои рӯзии шумо падид овард ва киштиҳоро ба хидмататон гумошт, то ба фармонаш дар дарё равон бошанд ва ҷуйборҳоро [низ] дар хидмати шумо ниҳод

    14:32
  6. وَسَخَّرَ لَكُمُ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ دَائِبَيْنِ ۖ وَسَخَّرَ لَكُمُ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ

    Ва хуршеду моҳро, ки пайваста [дар мадори худ] равонанд ва [ҳамчунин] шабу рӯзро ба хидмататон гумошт

    14:33
  7. وَآتَاكُمْ مِنْ كُلِّ مَا سَأَلْتُمُوهُ ۚ وَإِنْ تَعُدُّوا نِعْمَتَ اللَّهِ لَا تُحْصُوهَا ۗ إِنَّ الْإِنْسَانَ لَظَلُومٌ كَفَّارٌ

    Ва аз ҳар он чи аз ӯ хостед, ба шумо бахшид ва агар неъмати Аллоҳро бишморед, [чунон фаровон аст, ки] наметавонед онро шумориш кунед. Ба ростӣ, ки инсон, [дар ҳаққи хеш] ситамгор [ва нисбат ба Аллоҳ таоло] носипос аст

    14:34

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»