Сура 14 Иброҳим, оят 24 – 27
-
أَلَمْ تَرَ كَيْفَ ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا كَلِمَةً طَيِّبَةً كَشَجَرَةٍ طَيِّبَةٍ أَصْلُهَا ثَابِتٌ وَفَرْعُهَا فِي السَّمَاءِ
[Эй Паёмбар] Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло чи гуна масал задааст? Калимаи пок [-и ло илоҳа иллаллоҳ] ҳамчун дарахти [нахли тануманду] покест, ки решааш [дар аъмоқи замин] устувор аст ва шохааш бар осмон [сар бароварда] аст
14:24 -
تُؤْتِي أُكُلَهَا كُلَّ حِينٍ بِإِذْنِ رَبِّهَا ۗ وَيَضْرِبُ اللَّهُ الْأَمْثَالَ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ
Меваашро ҳар лаҳза ба фармони Парвардигораш медиҳад ва Аллоҳ таоло [барои ҳидояти мардум] масалҳо мезанад, бошад, ки панд гиранд
14:25 -
وَمَثَلُ كَلِمَةٍ خَبِيثَةٍ كَشَجَرَةٍ خَبِيثَةٍ اجْتُثَّتْ مِنْ فَوْقِ الْأَرْضِ مَا لَهَا مِنْ قَرَارٍ
Ва масали калимаи палид [ширк] ҳамчун дарахти палидест, ки аз замин барканда шуда [ва ҳеҷ] қарору суботе надорад
14:26 -
يُثَبِّتُ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا بِالْقَوْلِ الثَّابِتِ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَفِي الْآخِرَةِ ۖ وَيُضِلُّ اللَّهُ الظَّالِمِينَ ۚ وَيَفْعَلُ اللَّهُ مَا يَشَاءُ
Аллоҳ таоло касонеро, ки имон овардаанд, дар зиндагии дунё ва дар охират бо сухани устувор [-и тавҳид] собит мегардонад ва ситамгарон [-и мушрик]-ро гумроҳ мекунад ва Аллоҳ таоло ҳар чи бихоҳад мекунад
14:27
Тарҷума: Центр переводов «Руввад»