Сура 13 Ар-Раъд (Тундар), оят 38 – 43
-
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلًا مِنْ قَبْلِكَ وَجَعَلْنَا لَهُمْ أَزْوَاجًا وَذُرِّيَّةً ۚ وَمَا كَانَ لِرَسُولٍ أَنْ يَأْتِيَ بِآيَةٍ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ ۗ لِكُلِّ أَجَلٍ كِتَابٌ
Ва бе тардид, пеш аз ту паёмбароне фиристодем ва барои онон [монанди дигар инсонҳо] ҳамсарону фарзандоне қарор додем ва барои ҳеҷ паёмбаре сазовор нест, ки ҷуз ба фармони Аллоҳ таоло [муъҷиза ва] ояте биёварад. Ҳар амре [тақдиру] навиштае [маълум] дорад
13:38 -
يَمْحُو اللَّهُ مَا يَشَاءُ وَيُثْبِتُ ۖ وَعِنْدَهُ أُمُّ الْكِتَابِ
Аллоҳ таоло ҳар чиро, ки бихоҳад аз миён мебарад ва [он чиро бихоҳад] устувор медорад ва умму-л-китоб [Лавҳи маҳфуз] назди Ӯст
13:39 -
وَإِنْ مَا نُرِيَنَّكَ بَعْضَ الَّذِي نَعِدُهُمْ أَوْ نَتَوَفَّيَنَّكَ فَإِنَّمَا عَلَيْكَ الْبَلَاغُ وَعَلَيْنَا الْحِسَابُ
Ва [эй Паёмбар] агар бархе аз он чиро, ки ба онон ваъда медиҳем, ба ту нишон диҳем ё [пеш аз фаро расидани азоб] туро бимиронем, [дар ҳар ҳол] фақат таблиғи [рисолат] бар [уҳдаи] туст ва ҳисоб [-у муҷозоташон] бар мост
13:40 -
أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّا نَأْتِي الْأَرْضَ نَنْقُصُهَا مِنْ أَطْرَافِهَا ۚ وَاللَّهُ يَحْكُمُ لَا مُعَقِّبَ لِحُكْمِهِ ۚ وَهُوَ سَرِيعُ الْحِسَابِ
Оё [кофирон] надидаанд, ки мо [бо футуҳоти лашкари ислом] аз доманаҳои сарзамини [куфр] мекоҳем [ва бар қаламрави ислом меафзоем]? Ва Аллоҳ таоло ҳукм мекунад ва барои ҳукмаш [ҳеҷ] боздорандае нест ва ӯ дар ҳисобрасӣ сареъ аст
13:41 -
وَقَدْ مَكَرَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ فَلِلَّهِ الْمَكْرُ جَمِيعًا ۖ يَعْلَمُ مَا تَكْسِبُ كُلُّ نَفْسٍ ۗ وَسَيَعْلَمُ الْكُفَّارُ لِمَنْ عُقْبَى الدَّارِ
Ва ба ростӣ, касоне, ки пеш аз онон буданд [барои муқобала бо паёмбаронашон] макр варзиданд, вале тамоми макрҳо [ва тадбирҳо] аз они Аллоҳ таоло аст. Ӯ медонад, ки ҳар касе чи мекунад ва ба зудӣ кофирон хоҳанд донист, ки фарҷоми [накуи] сарои [охират] аз они кист
13:42 -
وَيَقُولُ الَّذِينَ كَفَرُوا لَسْتَ مُرْسَلًا ۚ قُلْ كَفَىٰ بِاللَّهِ شَهِيدًا بَيْنِي وَبَيْنَكُمْ وَمَنْ عِنْدَهُ عِلْمُ الْكِتَابِ
Ва касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «[Эй Муҳаммад] Ту фиристода [-и Аллоҳ таоло] нестӣ». Бигӯ: «Кофист, ки Аллоҳ таоло ва касе, ки дониши [китобҳои осмонии пешин] назди Ӯст, миёни ману шумо гувоҳ бошад»
13:43
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»