Сура 13 Ар-Раъд (Тундар), оят 27 – 31
-
وَيَقُولُ الَّذِينَ كَفَرُوا لَوْلَا أُنْزِلَ عَلَيْهِ آيَةٌ مِنْ رَبِّهِ ۗ قُلْ إِنَّ اللَّهَ يُضِلُّ مَنْ يَشَاءُ وَيَهْدِي إِلَيْهِ مَنْ أَنَابَ
Ва касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «Чаро нишонае аз [сӯйи] Парвардигораш бар ӯ нозил нашудааст»? Бигӯ: «Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳар киро, ки бихоҳад гумроҳ мекунад ва ҳар киро, ки тавба намояд, ба сӯйи хеш ҳидоят мекунад»
13:27 -
الَّذِينَ آمَنُوا وَتَطْمَئِنُّ قُلُوبُهُمْ بِذِكْرِ اللَّهِ ۗ أَلَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ
[Ҳамон] Касоне, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Аллоҳ таоло ором мегирад. Бидонед, ки бо ёди Аллоҳ таоло аст, ки дилҳо ором мегирад
13:28 -
الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ طُوبَىٰ لَهُمْ وَحُسْنُ مَآبٍ
Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, хушо бар онон! Ва нек саранҷоме доранд
13:29 -
كَذَٰلِكَ أَرْسَلْنَاكَ فِي أُمَّةٍ قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلِهَا أُمَمٌ لِتَتْلُوَ عَلَيْهِمُ الَّذِي أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ وَهُمْ يَكْفُرُونَ بِالرَّحْمَٰنِ ۚ قُلْ هُوَ رَبِّي لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَإِلَيْهِ مَتَابِ
[Эй Паёмбар] Бад-ин сон туро байни уммате фиристодем, ки пеш аз онҳо умматҳое омада [ва рафта] буданд, то он чи бар ту ваҳй кардаем, бар онон бихонӣ ва ҳол он ки онон ба [Парвардигори] раҳмон куфр меварзанд. Бигӯ: «Ӯ Парвардигори ман аст [ва] маъбуде [барҳақ] ҷуз Ӯ нест. Бар Ӯ таваккал кардам ва бозгаштам ба сӯйи Ӯст»
13:30 -
وَلَوْ أَنَّ قُرْآنًا سُيِّرَتْ بِهِ الْجِبَالُ أَوْ قُطِّعَتْ بِهِ الْأَرْضُ أَوْ كُلِّمَ بِهِ الْمَوْتَىٰ ۗ بَلْ لِلَّهِ الْأَمْرُ جَمِيعًا ۗ أَفَلَمْ يَيْأَسِ الَّذِينَ آمَنُوا أَنْ لَوْ يَشَاءُ اللَّهُ لَهَدَى النَّاسَ جَمِيعًا ۗ وَلَا يَزَالُ الَّذِينَ كَفَرُوا تُصِيبُهُمْ بِمَا صَنَعُوا قَارِعَةٌ أَوْ تَحُلُّ قَرِيبًا مِنْ دَارِهِمْ حَتَّىٰ يَأْتِيَ وَعْدُ اللَّهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يُخْلِفُ الْمِيعَادَ
Ва [ҳатто] агар Қуръоне буд, ки кӯҳҳо аз [ҳайбати] он ба ҳаракат дармеомад ва замин пора-пора мешикофт ё мурдагон аз [тиловати] он ба сухан дармеомаданд, [боз ҳам кофирон имон намеоварданд]. Амри [тадбири ҷаҳон ва нузули муъҷизот] аз они Аллоҳ таоло аст. Оё касоне, ки имон овардаанд, намедонанд, ки агар Аллоҳ таоло мехост, ҳатман, ҳамаи мардумро ҳидоят мекард? Ва касоне, ки куфр варзиданд, пайваста ба [сазои] он чи кардаанд, гирифтори мусибати кӯбандае мешаванд ё [азоби илоҳӣ] наздики хонаҳояшон фуруд меояд ё [саранҷом] ваъдаи Аллоҳ таоло фаро мерасад. Бе тардид, Аллоҳ таоло хилофи ваъда намекунад
13:31
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»