Сура 13 Ар-Раъд (Тундар), оят 1 – 6

  1. المر ۚ تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ ۗ وَالَّذِي أُنْزِلَ إِلَيْكَ مِنْ رَبِّكَ الْحَقُّ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يُؤْمِنُونَ

    Алиф, лом, мим, ро. Ин оёти китоби [осмонӣ] ва он чи аз [сӯйи] Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ҳақ аст, вале бештари мардум имон намеоваранд

    13:1
  2. اللَّهُ الَّذِي رَفَعَ السَّمَاوَاتِ بِغَيْرِ عَمَدٍ تَرَوْنَهَا ۖ ثُمَّ اسْتَوَىٰ عَلَى الْعَرْشِ ۖ وَسَخَّرَ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ ۖ كُلٌّ يَجْرِي لِأَجَلٍ مُسَمًّى ۚ يُدَبِّرُ الْأَمْرَ يُفَصِّلُ الْآيَاتِ لَعَلَّكُمْ بِلِقَاءِ رَبِّكُمْ تُوقِنُونَ

    Аллоҳ таоло аст, ки осмонҳоро бидуни сутунҳое, ки онҳоро бубинед, барафрошт, он гоҳ бар Арш қарор гирифт ва хуршеду моҳро ба хидмат [-и инсон] гумоштааст, ки ҳар як то замоне муайян дар [мадори худ] равон бошанд. Ӯ кор [-и ҷаҳон]-ро тадбир мекунад ва оёти [хеш]-ро ба равшани баён медорад, бошад, ки ба дидори Парвардигоратон яқин пайдо кунед

    13:2
  3. وَهُوَ الَّذِي مَدَّ الْأَرْضَ وَجَعَلَ فِيهَا رَوَاسِيَ وَأَنْهَارًا ۖ وَمِنْ كُلِّ الثَّمَرَاتِ جَعَلَ فِيهَا زَوْجَيْنِ اثْنَيْنِ ۖ يُغْشِي اللَّيْلَ النَّهَارَ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ

    Ва Ӯст он ки заминро бигустард ва дар он кӯҳҳои устувор ва ҷӯйборҳо падид овард ва дар он аз ҳар гуна мевае ду гуна офарид, шабро ба рӯз [ва рӯзро ба шаб] мепӯшонад. Ҳатман, дар инҳо барои мардуме, ки меандешанд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст

    13:3
  4. وَفِي الْأَرْضِ قِطَعٌ مُتَجَاوِرَاتٌ وَجَنَّاتٌ مِنْ أَعْنَابٍ وَزَرْعٌ وَنَخِيلٌ صِنْوَانٌ وَغَيْرُ صِنْوَانٍ يُسْقَىٰ بِمَاءٍ وَاحِدٍ وَنُفَضِّلُ بَعْضَهَا عَلَىٰ بَعْضٍ فِي الْأُكُلِ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ

    Ва дар замин қитъаҳое аст дар канори ҳам [ки бо якдигар мутафовитанд] ва [низ] боғҳое аз ангур ва киштзорҳову дарахтони хурмо, ки [нару модаанд ва] гоҳ аз як реша мерӯянд ва гоҳ аз решаҳое гуногунанд ва [ҳамаи онҳо] бо як об сероб мешаванд. Ва [бо ин ҳол] баъзе аз онҳоро дар [таъму хосияти] мева бар дигаре бартарӣ медиҳем. Бе тардид, дар ин [амр низ] барои мардуме, ки хирад меварзанд, нишонаҳо [-и равшане] ҳаст

    13:4
  5. وَإِنْ تَعْجَبْ فَعَجَبٌ قَوْلُهُمْ أَإِذَا كُنَّا تُرَابًا أَإِنَّا لَفِي خَلْقٍ جَدِيدٍ ۗ أُولَٰئِكَ الَّذِينَ كَفَرُوا بِرَبِّهِمْ ۖ وَأُولَٰئِكَ الْأَغْلَالُ فِي أَعْنَاقِهِمْ ۖ وَأُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

    Ва [эй паёмбар] агар [аз беимонии кофирон] тааҷҷуб мекунӣ, аҷиб [-тар] гуфтори онон аст, ки [дар бораи миод мегӯянд]: «Оё вақте хок шудем, воқеан [зинда мешавем ва] дар офариниши ҷадиде хоҳем буд»? Инонанд, ки ба Парвардигорашон куфр варзидаанд ва дар гарданҳояшон [аз оташ] занҷирҳост ва онон аҳли оташанд [ва] дар он ҷовидонанд

    13:5
  6. وَيَسْتَعْجِلُونَكَ بِالسَّيِّئَةِ قَبْلَ الْحَسَنَةِ وَقَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلِهِمُ الْمَثُلَاتُ ۗ وَإِنَّ رَبَّكَ لَذُو مَغْفِرَةٍ لِلنَّاسِ عَلَىٰ ظُلْمِهِمْ ۖ وَإِنَّ رَبَّكَ لَشَدِيدُ الْعِقَابِ

    Ва [эй Паёмбар, мушрикон] пеш аз некӣ [раҳмат] ба шитоб аз ту бадӣ [азоб]-ро дархост мекунанд ва ҳол он ки пеш аз эшон [низ бар кофирон] уқубатҳои ибратомӯз рафтааст ва ба ростӣ, Парвардигорат нисбат ба мардум, бо вуҷуди ситамгориашон омурзандааст ва бешак Парвардигорат сахткайфар аст

    13:6

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»